Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР НИҲОЛШИНОНӢ БА ЧӢ АҲАМИЯТ БОЯД ДОД?
Дар вилоят аз нимаи дуюми моҳи ноябр мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз гардида, он то аввали фасли баҳор идома меёбад. Мутахассисону боғдорони ботаҷриба ин давраро ба се марҳила ҷудо намуда, ҳарчи пештар шинонидани ниҳолро ба манфиати кор медонанд.
Сабзалӣ Ҷобиров, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Боғистон”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, ки солҳои зиёд ниҳолпарвар асту бо ҳамин пеша дар вилоят ва берун аз он ном баровардааст, барои сабзу хуррам ва ҳосилдеҳ гардидани ниҳолони дар моҳҳои декабр, январ шинонида мешаванд, маслиҳат медиҳад.
-Пеш аз ҳама бояд ниҳолро дуруст интихоб кард. Ниҳоли хуб тақрибан 1,5 метр баландӣ дошта, решааш ҳадди ақал аз 3-4 шохаи асосӣ иборат мебошад. Ҳангоми гирифтани ниҳоли парваришёфта кӯшиш намудан лозим аст, ки решаҳои он бе осеб аз замин берун бароварда шавад. Барои ин мо хоҷагидорон аз бели махсус истифода менамоем. Ҳамин, ки ниҳолро гирифтем, даррав решаи онро бо халтаи полиэтиленӣ (салафан) пӯшонида, ба харидорон ҳамон рӯз ба ҷойи лозима шинониданро тавсия медиҳем, - зикр намуд ниҳолпарвар.
Ин кишоварзи асил мегӯяд, ки ҷойи ниҳолшинонӣ низ барои сабзишу боровар гардидани он аҳамияти калон дорад. Ба гуфтаи ӯ дарахтро ҳамавақт дар баландӣ шинонидан лозим аст, ки бисёриҳо ба ин чандон таваҷҷуҳ намекунанд. Вобаста ба андозаи решаи ниҳол заминро бояд кофт. Ба ҳисоби миёна барои шинонидани ниҳолони дусолаи пайвандӣ чуқурии заминро ҳудуди 50 см ва атрофашро каме васеътар омода кардан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳангоми шинонидан бо дохили чуқурӣ пору рехтан мумкин нест, чунки он метавонад решаро сӯзонида, ниҳолро хушк кунад. Танҳо заминро намнок кардан даркор аст. Ниҳоли решааш хуб инкишофёфта дар баландии 25-30 см аз замини корам шинонида шавад соли аввал то 1 метри болои он ва нӯги навдаҳои дарозро ҳам каме мебурем. Ҷойи пайвандиро бошад, камаш 5 см болотар аз замин мондан лозим. Дар ин ҳолат ниҳол зудтар самаровар гардида, агар соли аввал 5-6 дона мева бандад, соли дуюм пурра ба ҳосил медарояд.
-Баъзеҳо аввал ҷойи ниҳолшинониро дар ҳавлӣ ё боғашон муайян ва ҷуқуриро наканда, ниҳол мехаранд ва якчанд рӯз дар хона нигоҳ дошта, кай вақт ёбанд, мешинонанд, ин амал нодуруст аст, - мегӯяд Сабзалӣ Ҷобиров.
Ба таъкиди ӯ барои ниҳолшинонӣ аввали баҳорро интизор шудан лозим нест. Беҳтарин вақти ниҳолшинонӣ ҳозир аст. Вақте ниҳоли парваришёфта аз сари замин дастрас карда мешавад, ҳатман решаи онро бо матоъ ё салафан маҳкам карда, ҳамон рӯз шинонидан беҳтар мебошад. Зеро дар ин ҳолат решаи навниҳол аз бод ва заррарасонҳо эмин нигоҳ дошта мешавад.
Барои аз ниҳолҳои шинонида ҳосили баланд гирифтан бояд ба тарзи буриши шохаҳои он низ аҳамият дод. Шохаҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва ба сабзиши дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеъ мешаванд. Бинобар ин онҳоро тарзе буридан зарур аст, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Дар соли дуюми нашъунамои ниҳол ва он ҳам бошад, дар мавсими зимистон шохаҳои калонро бурида, дарозии навдаҳои нав монда мешавад. Пас аз он дар ҷойҳои навдаҳои буридашуда оҳак молидан даркор, зеро он навдаҳоро аз ҳашароти зараррасон муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо баъзе аз нафарон ба ҷойи буридашуда хок ва лой мемоланд, ки ин қатъиян манъ аст. Агар ба ҷойҳои буридашуда оҳак намолем, он хушк шуда, макони ҳашароти зараррасон мегардад, - илова намуд Сабзалӣ Ҷобиров.
Ҳамчунин ин ниҳолпарвари ботаҷриба тавсия медиҳад, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад.
Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад. Барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд.
Парвариши хуби нињоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар як минтақа вобаста аст. Масалан, дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта дар ноҳияҳои кӯҳистони Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор ба мисли себ, нок ва амсоли инҳо хеле хуб парвариш меёбанд.
Дар хусуси шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ бо истинод аз олимону мутахассисони соҳа Сабзалӣ Ҷобиров қайд намуд, ки бо назардошти иқлими гарму хушки минтақаи Бохтар, хусусан аз ноҳияи Кӯшониён то Панҷи Поён бештар парвариши ниҳоли дарахтони чинор, шумтол, павлония, булут, каталпа, заранг ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бошад, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод, ки иқлимашон нисбатан сардтар аст, ба парвариши ниҳоли дарахтони шоҳбулут, заранг, сафедор ва ғайра бартарӣ дода мешавад.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36ХӮРИШ АЗ АНҶИР 11:33
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ



