Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМ - РАҲНАМОИ ҲАЁТИ АРЗАНДА
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", ки рӯзи 28- уми декабри соли равон ироа гашт, барҳақ арзёбӣ ва ҷамъбасти фаъолияти мардуми кишвар дар тамоми соҳаҳо буда, раҳнамои беҳтарин ба сӯйи ҳаёти арзандаи ҳар яки мост.
Зимни ироаи Паём, Сарвари кишвар аз мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, саноатикунонии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, инкишофи неруи инсонӣ, даромади молию пулии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, иқтидори энергетикии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм баҳогузорӣ намуда, баҳри пешравӣ дар тамоми самтҳои зикршуда дастурҳои судманду мушаххас доданд.
Мардуми заҳматқарини тоҷик, ки Ҳукумати кишвар ба иродаи шикастнопазири он эътимоди қавӣ дорад, Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари хешро бо умедвориву хушнудӣ мепазиранд ва қутбнамое барои фаъолияти минбаъдаи худ мешуморанд.
Паёми ироагаштаи навбатӣ собитгари он гашт, ки имрӯз Ҳукумати кишвар зери сиёсати созандаи Пешвои миллат новобаста аз вазъи кунунии муносибатҳои геополитикӣ, буҳронҳои шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ, болоравии нарх ва амсоли ин аз тамоми имконоти мавҷуда истифода менамоянд, то мо- инсонҳо ба зиндагии арзанда дастрасӣ дошта бошем.
Муҷиби дарозумрӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи ғизои солим, таъмини таҳсилоти муосир ва босифат аз нуктаҳои муҳими дар Паём зикршуда мебошанд. Алалхусус, оид ба омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Баланд бардоштани музди нафақа, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият, муассисаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳадди ақалли музди меҳнат бозгӯ аз он аст, ки дар сатҳи некуаҳволии мардум ин амал ғамхории беназирест.
Пешвои муаззами миллат чун ҳарвақта дар анҷоми ироаи Паём қайд доштанд, ки ба ҳисси баланди миллӣ ва саъю талоши созандаи мардум боварӣ доранд.
Аз ин рӯ, моро мебояд, ки шукрона аз фазои оромии кишвар намуда, даст болои қалб ниҳода сидқан адои вазифаву уҳдадориҳои худро намоем, содиқ бошем, созандагиву ободкориро пешаи худ намуда, ба боварию эътимоди Пешвои муаззамамон арзандаву сазовор бошем!
Абдуназарзода Шоиста, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



