Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМ - ПАЙКИ ОСОИШУ ОБОДӢ
Паёми ироагаштаи имсола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар ва халқи шарифи Тоҷикистон як пайки хушиву созандагӣ, ободкорӣ, ғамхории беназир нисбати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ буда, хусусият ва вижагии хоси худро дошт. Ин Паём таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо, фаъолияти самтҳо дар соли сипаригардида аст ва ҳидояту роҳнамоиҳои созандаи Сарварамон моро муваззаф месозад, то дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ аз тамоми имконот, малака, қувва ва донишу хирадамон истифода барем.
Зимни ироаи Паём ҳар лаҳза эҳсос мешуд, ки Сарвари кишварамон инсонро меҳвари асосии ҳастӣ дониста, зиндагии шоиста, сиҳатии омма, дараҷаи илму маърифатнокгардии ӯро борҳо таъкид намуданд.
Баланд бардоштани музди маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷавӣ, идрорпулиҳо, нафақа аз 30 то 40 фоиз- ин ҳама шаҳодати болоравии сатҳи зиндаги ва роҳ сӯйи созандагист.
Алалхусус, ҳар нафаре, ки имрӯз рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврасро ба дӯш дорад, бояд масъулиятро дар ин ҷодаи муқаддас дучанд намоянд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вақте миллат бесавод монд, рӯ ба бадбахтию ҷаҳолат меорад. Донистани забонҳои хориҷи, истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотӣ, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва риёзӣ аз вазоифи муҳими аҳли илму маорифи муосир аст.
Соли Маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистони имрӯза қадру манзаллати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пурра ҳифз мешаванд.
Дар анҷом Пешвои муаззами миллат оид ба бузургиву беназирии модар, эҳтирому сипос нисбат ба ин олиҳаи беҳамтои ҳаётофар суханҳои воло ва пурарзиш гуфта, мардумро ба дӯст доштани якдигар, тифоқу бародарона паи ободии кишвар будан даъват намуд.
Ҳисси тафохур ва миннатдорӣ аз Пешвои муаззами миллат менамоем, ки бо Паёмашон ба ҳар хонадон пайку фараҳу шодӣ, осоишу ободӣ,ва дилгармиро ато карда, ба ояндаи беҳтару хубтар эътимоди халқро зиёда мегардонанд.
Зиҳӣ, Пешвои тамаддунофар, маорифпарвар ва сулҳовари тоҷикон!!!
Насруллоева Шаҳло, директори литсейи давлатии Ориёнои шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



