Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПЕШНИҲОДИ 12 ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ “ХУТТАЛИ ҚАДИМ” БА ЮНЕСКО
Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 12 ёдгории таърихии воқеъ дар вилояти Хатлонро дар номинатсияи муштарак таҳти унвони “Хуттали қадим” барои баррасӣ ба ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд:

1. Қалъаи Золи Зард (ноҳияи Данғара, Хатлон),
2. Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара, Хатлон),
3. Шаҳраки Манзартеппа (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
4. Шаҳристони Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
5. Мақбараи Шоҳони Хуттал (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
6. Қалъаи Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
7. Шаҳраки Золи Зард (ноҳияи Фархор, Хатлон),
8. Шаҳртеппа (ноҳияи Фархор, Хатлон),
9. Корвон-сарой Тоҳир (ноҳияи Фархор, Хатлон),
10. Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг, Хатлон),
11. Дайри Буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш, Хатлон),
12. Шаҳраки Ҳалевард - Кофирқалъа (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Хатлон).

Дар сурати аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин номинатсияҳо, ёдгориҳои “Хуттали қадим” дар қадами баъдӣ ба таври расмӣ ба рӯйхатти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ мешаванд.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



