Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САРҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН
Сарқонуни ин давлат, ин қонуни армон аст,
Ҳар нуктаи Сарқонун, дар мағзу дилу ҷон аст.
Ободии ин кишвар аз файзу футуҳи уст,
Ин ваҳдату истиқлол, аз заҳмати Раҳмон аст.
Ин ид муборак бод, бар халқи азизи мо
Сарҷамъ бувад доим, ин халқи азизи мо
Инсону ҳуқуқи ў аз арзиши олӣ аст,
Озодии ин миллат, озодии даврон аст.
То кас накунад дахле бар номуси ин миллат
Парчам ба сари мардум, доим парафшон аст.
Ин ид муборак бод, бар халқи азизи мо,
Сарҷамъ бувад доим, ин халқи азизи мо.
Сарсабзию хушбахтӣ, гардида насиби мо,
Аз файзу футуҳи ў, ободии Хатлон аст,
Машҳур ба олам шуд, бо тоҷи худаш тоҷик,
Лаъле ба сари тоҷаш аз лаъли Бадахшон аст.
Ин ид муборак бод, бар халқи азизи мо,
Сарҷамъ бувад доим, ин халқи азизи мо.
Шукронаи ин давлат, шукронаи Сарқонун,
Ин бахти сафеди мо, ин ҳадяи Яздон аст.
Сарқонуни ин давлат, поянда бувад доим,
Ин давлату ин миллат, Яздон нигаҳбон аст,
Ин ид муборак бод, бар халқи азизи мо,
Сарҷамъ бувад доим, ин халқи азизи мо.
Шаҳбоз Ниёзӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


