Бойгонӣ

КОНСТИТУТСИЯ ҲУҶҶАТИ РОҲНАМО

   "Ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳамеша бояд дар хотир дошта  бошад,  ки эҳтиром  ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷониву  виҷдонӣ ва амали ҳаррўзаи ўст".   

                             Эмомалӣ Раҳмон                                                                                                  Санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон саҳифаи дурахшони китоби таърихи давраи Истиқлоли  Тоҷикистон  аст.

  Санаи  6-уми  ноябри  соли  1994  ба  тариқи  раъйпурсии   умумихалқӣ бо  иштироки  87 % -и  шаҳрвандон  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  иборат  аз   10  боб  ва    100  модда  қабул  шуд.  Сипас бо назардошти зарурати бавуҷудомада ба ин санади ҳуқуқӣ тағйиғироту  иловаҳо  ворид  карда  аввалин  маротиба   26-уми сентябри  соли  1999,  маротибаи  дуюм  22-юми   сентябри  соли  2003  ва  бори  сеюм  22-юми  майи   соли  2016   тағйиру иловаҳо ворид  гардид.  
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию маънавии моро дар бар гирифта, аз рӯи баҳогузории созмону коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин Конститутсияҳои олам ба шумор меравад.
  Мо -  омўзгорон  Конститутсияро  меомўзем  ва  аҳамияти  таърихии   онро  ба насли  наврас  меомўзонем. Аҳамияти  таърихии    Конститутсия  дар  он  аст,  ки  ин  ҳуҷҷати    сиёсиву  ҳуқуқӣ арзишҳои  олии   халқи  тоҷикро  дар    худ  таҷассум  намуда,  суннатҳои  таърихии  давлатдорӣ  ва  ғояҳои  инсондўстонаи  миллати  фарҳангсолори  моро   инъикос    карда  тавонист  ва  таъмин  намудани  адолати   иҷтимоӣ,  волоияти   қонуну  тартиботи   ҳуқуқиро  яке  аз  мақсадҳои  асосии   фаъолияти  тамоми  шохаҳои  ҳокимияти  давлатӣ  қарор   додааст.


РАҶАБГУЛ   КАРИМОВА,    
омўзгори  МТМУ-и № 19,-и н. Хуросон

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019