Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 ноя 13:46АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
Ҳикмати занбӯри асал
Беҳтарин дастоварди миллати тоҷик тӯли таърих соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон мебошад. Хушбахтона, 32 сол боз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолии давлат кору пайкор доранд ва аз файзу баракати он соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушду нумӯи тоза ёфт.
Воқеан, дар баробари дигар соҳаҳо занбӯриасалпарварӣ рушд намуда, ин бахши сердаромади кишоварзӣ ба соҳибкорӣ табдил ёфт. Сокини шаҳри Бохтар Исмоил Қосимов аз он соҳибкороне маҳсуб меёбад, ки дар рушди ин соҳа дар 23 соли охир нақши муассир гузоштааст.
Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ як оилаи занбӯри асал дар дарахти азими назди хонаашон нишаста буд. Амаки Исмоил, ки аз занбӯрпарварӣ чизе намедонист, ҳайрон монд. Ба хонаи онҳо омадани занбӯри асалро фоли неку ҳикмат дониста, бо маслиҳати дӯстон ба занбӯриасалпарварӣ шуруъ кард.
Нигоҳубини занбӯри асал дар оғоз коре буд мушкил, зеро занбӯрҳо гоҳе «касал» шуда, гоҳе ба онҳо парандаҳо ҳуҷум мекарданд. Ӯ барои васеътар намудани донишу таҷриба аз рӯи тавсияи мутахассисон амал карда, сиру асрори занбӯрпарвариро аз бар намуд. Дар ин ҷода аз устодаш Убайдулло нозукиҳои ин онро омӯхт. Бо меҳнати фидокорона занбӯрпарвари номӣ шуд. Инак беш аз ду даҳсола аст, ки аз шаҳди занбӯрҳо ком шинрин мекунаду обрӯву иззат ёфтааст.
-Занбӯриасалпарварӣ соҳаи камхарҷу сердаромад аст,- мегӯяд амаки Исмоил. -Занбӯрпарварӣ ҳам шуғл, ҳам кору ҳунар аст. Донишу маҳорату кордониро ба кор бурдӣ, комёб хоҳӣ шуд. Ин кор назарногир менамояд, аммо аз баракати ҳосили ин шаҳд ҳам ком ширин мегардаду ҳам зиндагӣ рангин мешавад.
Дар баробари занбӯрпарварӣ адабиёти зиёдеро вобаста ба аҳамияти асал ва дигар маҳсулоти занбӯриасал, аз ҷумла, шири модарзанбӯр, гарди гул, прополис ва ғайра омӯхтааст. Инчунин истифоди васеи асалро дар тиббӣ халқӣ ва омода намудани давоҳоро бо асал хуб медонад.
То ба имрӯз оилаҳои занбӯри асалро ба 90 адад расонд. Албатта, ин ба осонӣ ба даст наомад, зеро занбӯриасалпарварӣ нозукиҳои зиёдеро дорад, ки онро бояд донист ва ҳатмӣ риоя кард. Дар ин ҷода ба ӯ ҳамсараш ва фарзандонаш ҳамдаму кумакрасонаш ҳастанд.
Ҳамсари бовафояш Файзинисо Қосимова нозукиҳои занбӯриасалпарвариро аз шавҳараш омӯхтааст. Файзу баракати ин хонадон аз муҳаббату самимият маъво гирифта, дороии Исмоил Қосимов дӯстони зиёдаш мебошад.
Ба андешаи Исмоил Қосимов ҳар нафар метавонад ба парвариши занбӯри асал машғул шавад, зеро занбӯри асал соҳибашро намешиносад. Занбӯрҳо дағалиро намеписанданд, бо онҳо ҳамеша эҳтиёткорона рафтор кардан лозим аст. Занбӯри асал ҳавои тоза, бӯи хуш, тозагӣ ва покиро дӯст медорад.
Оилаи Исмоил Қосимов дар шаҳри Бохтар ва берун аз он ҳамчун оилаи занбӯриасалпарвар обрӯ ва мақоми арзандаро касб намудааст. Худи Исмоил Қосимов бошад, иштирокчии чандин намоишгоҳҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар намоишгоҳҳои сатҳи баланд, борҳо ғолибият ба даст оварда, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ сарфароз гардонида шудааст.
Меҳнати ин марди шариф борҳо аз ҷониби роҳбарияти вилояти Хатлон, Вазорати кишоварзӣ, Агентии Тоҷикстандарт, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ бо «Ифтихорнома», «Диплом», «Сипоснома» ва мукофотҳои гуногун қадршиносӣ шудааст.
Боз гардидани дари дилҳо миёни ду давлати ҳамсоя ва миллати дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек ба рушди иқтисодиву фарҳангӣ, равобиту ҳамкорихои самарабахш миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи воқеӣ гузошт. Дар ин замина бо дастгирии ҳарду ҷониб чандин маротиба намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон ва намоиши молу маҳсулоти истеҳсолотчиёни ӯзбек дар Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорон, корхонаҳо ва ширкатҳои истеҳсолии тарафайн баргузор шуд. Исмоил Қосимов бо маҳсулоти истеҳсолкардаи худ – асали аз нигоҳи табиӣ– экологӣ тоза Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Зимни боздид аз яке аз чунин намоишгоҳҳои сатҳи баланд вазири кишоварзии Ӯзбекистон баъди чашидани асали тоҷик ин ибораро ба забон овард: - «Вот это мёд!» (Ана ин аст асал!).
- Имрӯз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо моро муваззаф менамояд, ки маҳсулоти аз нигоҳи табиӣ – экологӣ тоза ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳониро истеҳсол намуда, ватани маҳбуби худро дар ҷаҳон муаррифгар бошем. Ин маъниро бори дигар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар мулоқоташон бо занбӯриасалпарварони вилояти Хатлон таъкид доштанд, аз афзалият ва бартарии асали истеҳсолкардаи занбӯриасалпарварони тоҷик ёдовар шуданд,- мегӯяд Исмоил Қосимов.
Исмоил Қосимов беш аз 50 нафар шогирдонро дар ҷодаи занбӯриасалпаварӣ ба камол расонидааст, ки имрӯз ҳар кадоме аз 5 то 40 оилаи занбӯри асалро парвариш карда истодаанд.
Ин марди соҳибдилу заҳматқарин новобаста аз синну сол ва ҳавлии кӯчак қарор надорад- заргӯш, мурғу мурғобӣ парвариш мекунад. Вақт ёфта, ба ҳаккокии санг машғул мешавад. Бо вуҷуди бузургсолӣ зимни суҳбат боре ҳам лаб ба шиква аз касе ё чизе накардааст. Дар гуфтораш оҳанги қаноатмандию шукрона аз тинҷию амонии кишвар баръало эҳсос мешавад. Хушбин асту ба дигарон низ ҳаминро талқин менамояд. Сарбаландиву некномиро аз меҳнати ҳалол медонад.
Шералӣ Саид
Л. Мирзо
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



