Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ АВВАЛИН БИНОИ 24 ОШЁНА
Дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аввалин маҷмааи 24 ошёнаи истиқоматӣ бунёд шудаистодааст.
Тавре Алишер Бобоҷонов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба “Сафо” иттилоъ дод, иншоот аз чор бинои 24 ошёна иборат буда, аллакай сохтмони як бинои он дар арафаи анҷомёбист.
Корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҶДММ “Комил – 2010” анҷом дода истодааст, ки он бо санъати баланди меъморӣ ва бо сифати баланд бунёд мегардад.
Бояд қайд кард, ки ин маҷмааи истиқоматӣ дар миқёси вилояти Хатлон аввалин мебошад.
Дар маҷмӯъ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёд, таъмир ва азнавсозии 494 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз қисми зиёди онҳо сохта ба истифода дода шудааст. Айни замон бошад, дар 103 иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



