Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ТАМОКУ БУНЁД МЕШАВАД
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо харҷи 20 миллион доллар корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мешавад.
Дар ин бора Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ дар ин корхона 78 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 3 миллиард дона тамоку мебошад. Маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Гуфта мешавад, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ қарордоди сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO»-ро дар заминаи сохтмони корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баррасӣ ва тасвиб карданд.
Пешниҳоди имтиёзҳо, ки яке аз талаботи асосии қонунгузории сармоягузорӣ мебошад, дар чаҳорчӯби муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ширкати мазкур имкон медиҳад ба муҳлати панҷ сол аз имтиёзҳои молиётӣ бархурдор шавад.
Аз ҷумла барои ширкати мазкур то 50 дарсад кам кардани меъёри молиёт аз арзиши афзуда, ба андозаи 50 дарсад кам кардани меъёри аксиз ва озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ дар раванди истеҳсолот ва воридоти маҳсулоти тамоку ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (берун аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара») пешбинӣ гардидааст.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


