Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САЙРИ ОСОРХОНАИ ЛОНДОН
Ҷавони фарҳангдӯсти тоҷик Муъмин Ғоибназаров, ки ҳоло дар Британияи Кабир қарор дорад, бо дархости маҷаллаи “Сафо” ба Осорхонаи ҷаҳонии Лондон рафта, ганҷинаи бебаҳои “Хазинаи Амрударё”-ро, ки дар гузашта аз сарзамини тоҷикон ба ин кишвар бурда шудааст, бо чашми худ дид ва аз онҷо ба мо дар баробари маълумот ҳамчунин аксҳои ҷолиб ирсол намуд.

Аз азал яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи бостоншиносон ба ёдгории таърихии Тахти Сангин аз ин ҷо дарёфт гардидани Хазинаи Амударё буд. Дар нимаи дуюми асри XIX бозаргонони бухороӣ маснуоти фаровон - маҳсули дасти ҳунармандони Қубодиёниро ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бароварданд, ки баъдан ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа шуд. Ба андешаи олимон дафинаи бебаҳое, ки бо номи Хазинаи Амударё машҳур ва дар осорхонаи марказии Лондон маҳфуз аст, маҳз аз ҳамин мавзеъ ёфт шудаанд.

Ин ҷавони донишманди тоҷик, ки ба омӯзиши фарҳангу тамаддуни халқҳои ҷаҳон рағбати зиёд дорад, аз китобу ёддоштҳои мутолианамудааш доир ба шаҳраки қадимаи Тахти Сангин нақл кард:

-Ин осори таърихиро соли 1897 ба осорхонаҳои Британияи Кабир Алверт ва Виктория месупоранд, ки аксарияти онҳо маснуоти заргарӣ буда, аз ҳайкалчаҳо, сиккаҳо, ороишоти тиллоию нуқрагӣ ва ашёи аз устухони фил сохташударо ташкил медиҳад. Вақте дар бахши “Осиёи Миёна”-и Осорхонаи марказии Лондон сайр кардам, онҷо даҳҳо нигораҳои таърихии мутаалиқ ба сарзаминамонро дидам, ки ба намоиш гузошта шудааст. Аз он ман ҳамчун тоҷик ифтихор намудам, ки миллати мо чунин таъриху тамаддуни бою ғанӣ дорад, - мегўяд Муъмин Ғоибназаров.

Тибқи иттилоъ бо мақсади муаррифӣ намудани таъриху тамаддуни мардуми тоҷик ба ҷаҳониён соли 2013 бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷузъи ин осори гаронарзиши ниёгонамон аз осорхонаҳои Англия нусхабардорӣ гардида, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Добавить комментарий
Ахбор
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР 15:00ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ 14:55ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН 14:51ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:45БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:41КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ 14:37«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» 14:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД 14:30
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ



