Бойгонӣ

ЧИЛДУХТАРОН

Чилдухтарон мавзеи зебоманзар, хушбоду ҳаво ва таърихию сайёҳие мебошад, ки бо кӯҳҳои баланди ба чил духтар шабоҳатдошааш хеле маъруф аст. Он дар 26 километрии қисмати шимолии ноҳияи Муъминобод, назди деҳаҳои Дашти Ар-ар ва Паҳмдара мавҷуд мебошад. 
Ин ёдгории бузурги геологӣ аз регсангҳои сурху хокистаранг иборат буда, дар баландии 1300-2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст ва тулаш 5-6 километрро дар бар мегирад.    
Дар назди ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебо, бо резапайкарҳои сурхкўҳи одаммонанд хувайдост. Кўҳҳои Чилдухтарон аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат мебошад, ки ба гуфтае дар натиҷаи шамолҳои тўлонӣ суфта шудаанд.
Чилдухтарон чун мавзеи таърихӣ дақиқан омӯхта нашудааст. То ба имрӯз дар атрофи он танҳо ривоятҳо давр мезананд. Аксарияти онҳо доир ба қавми ғосиб буда, ҳар хел нақл карда мешаванд. Тибки яке аз ривоятҳо баҳорон буд ва чил духтари зебочеҳра дар дашту даман сайр доштанд. Ғосибон онҳоро пайгирӣ карданд ва гулрухон бо ҳарос роҳи тарафи дарёчаи Сурхакро пеш гирифтанд. Дар рӯзи чилуми сарсониҳо духтаракон аз дарёча мегузаранду ба дашти фароху гул — гулшукуфоне мерасанд. Душман низ дар фосилаи кӯтоҳе қарор дошту ба онҳо хеле наздик шуда буд. Зебочеҳраҳои боиффат рӯ ба даргоҳи Кирдгор оварда, бо илтиҷо мадад ҷустанд то онҳоро санг гардонаду дар банди ишғолгарон гирифтор накунад. Пас аз лаҳзае дар ин дашти фарохи Паҳндара кӯҳи бузурге сар ба фалак кашид. Духтарони бонангу ор дар теғаҳову қуллаи кӯҳ ба ҳайкалҳои сангин табдил ёфтанд ва кӯҳ ба шарофати ҳамин отифаҳои камназир исми Чилдухтаронро гирифт.

Дар атрофи Чилдухтарон деҳаҳои Дашти Ар — ар, Дучандон, Баландҳоит, Дарусара, Ғалакдара, Турёб, Сиёҳмӯза, Паҳндара доман густурдаанд.
Соли 1959 дар ин мавзеъ парваришгоҳ ташкил шудааст. Масоҳаташ беш аз 14 ҳазор гектар буда, дар саргаҳи дарёи Яхсу воқеъ мебошад. Мавҷудоти парваришгоҳ ҳифз карда мешавад. Аз ҳайвонот хирси малла, оҳу, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва аз паррандагон кабк, уқоб, шоҳин ва дигар ҷонварон вомехӯранд. 
Парваришгоҳ дорои набототи бойу рангин буда, дар ҳудуди он беш аз 40 ҳазор бех арча, 40 ҳазор дарахти бодом, себ, олуча, олу ва даҳҳо номгӯй гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла заранги туркистонӣ, шӯлаш, настаран, зелол, ва ғайраҳо мерӯяд.
Сокини ноҳияи Муъминобод Раҷабалӣ Табаров аз рӯи ривоятҳо хулоса бардошта, Чилдухтаронро нишони покдомании зани тоҷик, шаъну шараф ва  нагу номуси ватандорӣ ёд карда, ин мисраҳоро қироат намуд: 
Ин кӯҳ ки чил духтар дар он санг шуда,
Аз баҳри дифои худ сари нанг шуда,
Мо фахр аз ин миллату давлат дорем,
Аз хуни Каён дирафши мо ранг шуда.
Дар ин диёр филмҳои машҳури бадеии «Рустам ва Суҳроб», «Айёми туманҳои зимистон» ба навор гирифта шудаанд. Ҷое, ки падар писари  худро ба қатл мерасонад, бо номи «Қабри Суҳроб» ёд мешавад ва он имрӯз ба зиёратгоҳи  сайёҳон табдил ёфтааст, - идома дод Р.Табаров
Сокини деҳаи Паҳмдара Шариф Низомов ба кӯҳи Чилдухтарон арҷ гузошта, онро муқаддас мешуморад. Зеро ба гуфтаи ӯ ин мавзеъ қадамҷо ва маҳали зисти гузаштагони мо буда, нишоне аз таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик аст. 

-Тибқи нақли куҳансолон аз қадимулайём гузаштагони мо дар инҷо зиндагӣ мекардаанд. Аҷнабиён зуд-зуд ҳуҷум карда, мехостанд онҳоро мутеъ карда, молу мулкашон аз худ намояд. Аммо ниёгони мо, бо шуҷоату ҳақхоҳии худ  намегузоштанд, ки душман зиндагии орому осоиштаи онҳоро халалдор Ва барои ҳамин хоки диёри худро муқаддас шуморида, онро ба ивази ҷон ҳифз менамуданд, - зикр намуд Ш.низомов.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба ин мавзеъ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд ва Чилдухтарон минтақаи сайёҳии кишвар эълон карда шуд. Аз деҳаи Ғеш то наздикии кӯҳи Чилдухтарон роҳи нави мошингард бунёд гардид. Роҳи нав бо пули 130 — метраи болои дарёи Сурхак ба ноҳия пайваст мегардад. Аз ин роҳ бошандагони деҳаҳои мавзеи Дуоби Боло равуо доранд. Ба воситаи ин масир сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар ва хориҷиён низ ба саёҳати Чилдухтарон меоянд. Аз камару домани кӯҳ чашмаҳои софу беғубор, сарду ширин ҷорианд, ки ба табиати инҷо ҳусни дигар бахшидаанд.
Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити созгор ба меҳмонони дохилию хориҷӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳии  “Чилдухтарон” бунёд гардид. Меҳмонхонаи панҷошёнаи “Чилдухтарон” дорои шароитҳои муосири хизматрасонӣ буда, дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳамчунин дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун сохта шуда, барои 50 нафар пешбинӣ гардидааст.  
Ҳоло ҳам раванди корҳои ободонию созандагӣ дар мавзеи саёҳии Чилдухтарон идома дошта, инфрасохтори зарурӣ барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда шудааст. 
  
Амонулло Бахтиёрзода  


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019