Бойгонӣ

Павлония

Бо навиштани калимаи павлония дар равзанаҳои ҷустуҷӯйии интернет, маълум шуд, ки  ИМА ба кишту парвариш, нигоҳубин ва содироти маҳсулот аз павловния ҳанӯз дар асри ХХ шуруъ кардааст. Дар Англия бунёди боғҳои дарахти павлония дар солҳои 2000-ум оғоз гардид. Маҳз ин солҳо дар минтақаи Аврупо парвариши ин намуди дарахт афзоиш ёфт. 
Дар Федератсияи Россия низ соли 2015 ба парвариши павлонияю бунёди дарахтзори он оғоз бахшиданд. Ҳатто дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба мисоли Ӯзбекистону Қирғизистон ҳанӯз солњои 2018- 2019 парвариши павлония ба роҳ монда шуд. 
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таваҷҷуҳ ин дарахт бештар мегардад. Дар чандин навоҳии вилояти Хатлон аллакай аз ҳисоби хоҷагидорон дарахтзори павлония ташкил гардидааст.  Мутахассисони соҳа талош доранд, ки парвариши павлонияро бештар кунанд. 
Соли 2020 бори нахуст Маҳмадамин Абдуллоев, сокини Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун дарахти павлонияро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда, дар замини назди ҳавлигии худ парвариши онро ба роҳ монд. 

Пас аз мутобиқ намудани павлония  ба боду ҳавои минтақаю таҷриба андухтани худ  Маҳмадамин  масоҳати боғи павлонияро афзоиш дода, ба 1 гектар расонид. 
Ба нақли ин кишоварз дар Ўзбекистон хоҷагидорон кишту парвариши павлония муваффақ шуда, фоида ба даст оварданд. Аз ин рӯ, вай ҳам талош дорад, ки дар баробари ба дигарон дастрас кардани дарахти павлония, масоҳати боғи худро боз ҳам калонтар намояд. 
—Ман аллакай таҷрибаи кофӣ гирифтаам,- мегӯяд Маҳмадамин Абдуллоев. — Ҳамин аст, ки ҳамасола кӯчати ниҳоли павлонияро зиёд карда, ба дигар хоҷагидорону сокинон дастрас менамоям. Рушди павлонияпарварӣ имконият медиҳад, ки дар оянда чўбу тахта дар ҳудуди вилоят арзон шавад.  
Гуфтан ба маврид аст, ки соле қабл, дар ноҳияи Кӯшониён ҳам хоҷагии деҳқонии “Ҳақназар” ба парвариши павлония шуруъ кард. Бо шинонидани 20 адад ниҳоли павлония дар ин самт кишоварзон таҷриба андухтанд. Моҳи апрели соли имсол хоҷагидорон масоҳати  павлонияро ба беш аз 10 гектар расониданд. 
Нигоҳубини дуруст – калиди муваффақият 
 Майк  Кунса  профессори  амрикоӣ дар як мақолаи илмии худ, тавсия медиҳад, ки ҳангоми шинондани павловния ба назар гиред, ки ин дарахти муъҷиза дар ҷойҳое, ки нури офтоб ворид мешавад, беҳтар мерӯяд. Обёрии мунтазам ва муътадил низ аҳамияти калон дорад. Илова бар ин ба растанӣ пору додан муҳим аст. 
—Пеш аз он ки ба парвариши павлония (paulownias) оғоз мекунед, шумо бояд бо мутахассисон машварат намоед, зеро ҳар як минтақа хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар ин ҷо шумо аз рӯи ҳавою ҳавас амал карда наметавонед, - маслиҳат медиҳад Андрей Шеголев, эколог, директори барномаи WWF Русия.   
Ҳаёти дуюми павлония ё фоидаи он ба боғдор 
Павлонияро  ба дарахти сафедор, ар-ар, ки дар диёри мо мерӯяд ва он миёни мардум маъмулу машҳур аст, шабоҳат додан мумкин аст. Чун ар-ар ва сафедор ҳам зуд қад кашида, умри дубора мебинанд. 
Пас аз буридан, ҳаёти павловния низ қатъ намегардад. Ин дарахт аз нав сабзида, нашъунамо мекунад.
Ба гуфтаи павлонияпарварон ин дарахт пас аз буридан нисбат ба ниҳоли нав шинонидашуда, тезтар қад мекашад. Зеро решааш аллакай мустаҳкаму дарахт пурқувват аст. Ҳатто имкон аст, дар солҳои аввали шинонидан ё ду сол баъд аз буридани он, дар миёни қатораҳо дигар зироати кишоварзиро парвариш кард. Яъне, нафъи он ба кишоварзон калон хоҳад буд. 
— Мо имконият дорем воридоти чўбу тахтаро аз хориҷ ба кишварамон коҳиш диҳем, агар парвариши ин навъи дарахтро дар вилоят бештар намоем, —  мегӯяд, Маҳмадамин Абдуллоев мутахассиси соҳа.  — Ҳатто бо муваффақ гаштан дар ин самт, имкони содироти онро ҳам ба хориҷ пайдо мекунем. Зеро боду ҳавои минтақаи Хатлон барои парваришу нигоҳубини дарахти павлония мувофиқ аст. 
Ба гуфтаи ӯ, чўби павловния дар тамоми ҷаҳон барои устувории худ,  серхаридор аст. Он хеле сабук  ва мустаҳкам буда, вақти дар об тар шудан ҳам намепӯсад. Ҳамин аст, ки аз он барои сохтани киштиҳо фаровон истифода менамоянд. 
Ҳамчунин асбобҳои мусиқӣ, ҷевон, тахтаҳои серфинг, лижа барои мусобиқаи варзишӣ бо истифода аз чўби павлония сохта мешавад. Чўби ин дарахт барои кандакорӣ ҳам мувофиқ аст. 
Ба андешаи Ҳақназар Собирҷонзода, мутахассиси соҳа, павлония зуд нашъунамо меёбад. Дар як сол то 5 метр қад кашиданаш имконпазир аст. Аз ин рӯ пас аз буридан он зуд барқарор мешавад. Ин дарахт метавонад  наздик ба 100 сол умр бинад. 
— Паҳноии дарахт то 1 метр ва баландиаш вобаста ба шароит 28-30 метр мешавад, — иброз медорад Ҳақназар Собирҷонзода — Павлония дар заминҳои намнокиаш паст ҳам месабзад, аммо дар заминҳои ҳосилхез ва намнок тезтар нашъунамо мекунад. 
Павлония дар муҳити шаҳр ва ноҳияҳо
Ҳарчанд павловния дар муҳити шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳанӯз васеъ шинонда нашудаанд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир, дар баъзе кӯчаҳои марказию мавзеъҳои истироҳатӣ, ин навъи дарахтон пайдо гашта истодааст. Яъне, масъулин ин дарахти муъҷизаро барои зебогии гулгашту хиёбонҳо низ истифода карда истодаанд.  
Мутахассисон низ бар инанд, ки павлонияро ҳамчун дарахти ороишӣ низ истифода бурдан дуруст аст. Чун павлония дар давраи гулкунӣ бениҳоят зебоанд. Ин дарахтон одатан дар охири баҳор – аввали тобистон ба гул кардан шуруъ мекунанд. Махсусан, дар ин айём муҳити атроф бисёр зебою диданї мегардад. 
Нафъи павлония ба муҳити зист 
Павловния натанњо тез месабзад, балки нисбат ба дигар дарахтон даҳ баробар зиёд гази карбонро коркард карда,  бештар оксиген мебарорад. Яъне, гази карбонро фурў бурда, оксиген ихроҷ мекунад. Ихроҷи оксиген барои тоза нигоҳ доштани боду ҳаво бисёр фоидаи калон дорад, мегӯянд ҳамсуҳбатони мо. 
Ба андешаи онҳо системаи решаи ин дарахт хеле зуд инкишоф меёбад, ки ин барои мустаҳкам кардани замин кумак мерасонад. Ҳамчунин павлония металлҳои вазнинро аз замин ба худ мегирад. Ин ҳам хислати хоси ин дарахти ба ном муъҷиза аст. 
— Ҳоло дар бисёр шаҳрҳо аз сабаби бо сузишворӣ кор кардани шумораи зиёди мошинҳо, корхонаҳои саноатӣ, инчунин афзоиш ёфтани аҳолӣ, ҳаво аз ҳад зиёд олуда шудааст,- зикр менамояд Ҳақназар Собирҷонзода  —Як дарахти павловния метавонад дар як сол 22 кг гази карбонро ҷабида,  6 кг оксиген хориҷ намояд. 
Мувофиқи маълумоти олимони соҳа, 10 гектар боғи павловния қариб 300 тонна гази карбон ва 1000 тонна чангро ба худ мекашад. Бунёди боғҳои павлония метавонад, ҳаворо  дигаргун ва аз чанг тоза нигоҳ дорад. 
Бояд гуфт, ки павлонияҳо ба ҳашарот тобоваранд, яъне ҳашароти зараррасон ба нашъунамои ин дарахт таъсир намерасонанд.  
Тавре Маҳмадамин Абдуллоев, мутахассиси соҳа мегӯяд,  ҳашаротҳо низ медонанд, ки чӣ хӯранд, зеро баргҳои павловния зиёда аз 20 дарсад сафеда доранд. Дар омади гап аксар вақт баргҳои бурида ҳамчун хӯроки чорво истифода мешаванд. 

—  Яке аз бартарияти павлония дар он аст, ки баргҳои он калон ва серғизо мебошад. Аз ҷиҳати ғизонокї ба юнучқа наздикӣ дорад, қайд мекунад Маҳмадамин Абдуллоев. - Баргҳои ин дарахтро метавон ба чорво дод. Аз як гектар павлония соле 35- 40 тонна хўроки чорво гирифтан мумкин аст. 
Ин дарахт мавсими муайяни шинонидан надорад, яъне дилхоҳ вақт, бо истифода аз агротехникаи парвариш павлонияро шинонидан мумкин аст. Дар ҷаҳон 70 - 80 навъи павлония маъмулу машҳур аст, дар Тоҷикистон асосан ду навъи он истифода мегардад.  Павлонияе, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, навъҳои  гибридест, ки муқовимат ба сардию гармиҳои ин минтақаро дорад. Дақиқан, ҳоло дар минтақаи мо навъҳои  шантон  (shanton)  ва  Ф1 (F1) парвариш мегардад. 

Низоми ИСО, 
“Сафо”


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019