Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАТАНДОРӢ
Баҳри мо-ин навҷавонони Ватан,
Ворисони тоҷу ҳам тахти Ватан,
Саъй бояд дар амал, ҳам дар сухан
То шавад хоки Ватан мисли чаман.
Ифтихори мо ватандорӣ бувад,
Боғсабзониву гулкорӣ бувад.
Гаштаем андар канораш комрон
Дода меҳри ӯ ба мо ному нишон.
Ҷони худро мо фидояш мекунем
То ки бошад марзи меҳан дар амон
Ифтихори мо ватандорӣ бувад,
Марзи меҳанро нигаҳдорӣ бувад.
Чист мазмуни каломи мо?- Ватан!
Муҳтавои ҳар саломи мо- Ватан!
Атри рангини паёми мо- Ватан!
Эътибору нангу номи мо- Ватан!
Мисраам ҳарчанд такорӣ бувад,
Ифтихори мо ватандорӣ бувад!
Сухан
Сухан аз ишқ бояд гуфт,
Ки ёрон ташнаи ишқанд.
Шуморо, эй ҷавонони накуиқбол,
Муборак бод, истиқлол.
Хабар аз ишқу умеду муҳаббат дам ба дам оред
Ба мисли кафтарони хушпару хушбол,
Тамоми сол.
Шикоят чист?
Зи навмедӣ ҳикоят чист?
Шумо дар сарзамини ишқу армон зиндагӣ доред,
Ба сар бинҳед тоҷе аз зафармандӣ,
Ки андар Тоҷикистон зиндагӣ доред!
Ватан
Аё, эй кишвар, эй модар,
Надидам аз ту зеботар,
Чу халқат халқи эҳёгар.
Чу кӯҳат махзани пурзар,
Чу хокат хоки гулпарвар
Шукӯҳат фатҳи гардун кард,
Макони нур Роғун кард,
Аҷаб файзи ту афзун кард,
Ҷигарро баҳри ту хун кард,
Сано бодо ба ин Сарвар!
ТАРКИББАНД
Шаҳди Истиқлол ҳар дам мерасад дар коми мо,
Мечакад борони файзаш ҳар замон бар боми мо.
Гўйё рангинкамони ваҳдаташ бо килки худ,
Менависад дар суҳуфи осмонҳо номи мо.
Ҷовидон аз кишвари мо рахт зулмат бастааст,
Равшан аст аз нури Роғун бемуҳобо шоми мо.
Офтоби бахти мо бо нури пур аз меҳри худ
Пухта гардонад тамоми байтҳои хоми мо.
Дам ба дам созандагӣ аз баҳри фардои Ватан,
Эй бародар, ҳамватан, эй дӯст бошад воми мо.
Эй Ватан дар риштаи армони ман чун гавҳарӣ,
Мурғи илҳоми маро, эй ҷону тан, болу парӣ.
Ваҳдатат поянда, номат ҷовидон монад, Ватан,
Ҳар кафи хокат, илоҳо дар амон монад, Ватан.
Душмани бадбину бадгуфтори ту дар зери чоҳ,
Дӯсти ту ханда дар лаб, комрон монад, Ватан.
Ҳамчу он исме, ки аз ӯ шод гардад хотират
Номи некат дар замину дар замон монад, Ватан.
Дил надорад тоқати як лаҳза дурии туро,
Меҳри ту дар қалби мо гар ошён монад, Ватан.
Аз баҳори ваҳдатат, аз накҳати гулҳои ту
Лолаҳои дафтари шеърам ҷавон монад, Ватан.
Мо, ҷавонон дар вафо ҳастем умре устувор,
Тинҷиву ободиву созандагӣ моро шиор.
Фақиров Хурсандмурод,
омӯзгори Донишгоҳи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.
Добавить комментарий
Ахбор
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд 11:45ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:255 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ 12:51Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:46Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:41Умеди аввалу охир 12:38ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



