Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ 270 ИНШООТ ДАР НАҚША
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 900 миллион сомонӣ 270 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ сохта мешавад.
Дар ин бора раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки то имрӯз 30 иншоот ба маблағи 101,2 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо 115 ҷои корӣ муҳайё карда шуд.
Айни замон дар беш аз 100 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд, ки баъди ба истифода додани онҳо беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Аз ҷамъи умумии иншооти бунёдшаванда, 18 адади он корхонаҳои саноатӣ мебошанд, ки аллакай шаш адади он аз қабили ҶДММ “Баракати диёр”, ҶДММ “Ҳилоли Аҳмар”, ҶДММ “Деҳаи ман”, ҶДММ “Ёсинҷон Бохтар”, ҶДММ “Умеди Бохтар” ва сехи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар маҷмуъ то ин ҷашни фархунда 61 иншоот дар соҳаи роҳу нақлиёт, 60 адад дар самти савдою хизматрасонӣ, 18 иншоот дар соҳаи саноат, 15 иншоот барои соҳаи маориф, 9 адад дар самти тандурустӣ, 4 ададӣ дар самти фарҳанг, варзиш ва кишоварзӣ, 3 адад дар самти обтаъминкунӣ, 10 адад биноҳои маъмурӣ ва 29 адад дигар биною иншоот бо таъсиси 1764 ҷойи кори доимӣ ва 442 ҷойи кори мавсимӣ сохта мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Гавҳари зиндагӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



