Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОЗМУН МИЁНИ БОНУВОН ОҒОЗ ГАРДИД
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” оғоз гардид.
Он 24 –уми июл оғоз гардида, то 27 –уми июли соли соли равон идома хоҳад кард.
Дар озмун 60 нафар довталабон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок карда, маҳорати хешро хоҳанд санҷид.
Озмуни мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023 – 2030” буда, барои захира намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд мусоидат хоҳад кард.

Дар рафти ифтитоҳи ин озмуни ҷумҳуриявӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Кенҷазода иштирок намуданд.
Баъди ҷамъбасти озмун ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



