Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАМОИШИ ОМӮЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” роҳандозӣ гардида, дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти Сарраёсати молия дар вилоят, масъулони соҳаи бонкдорию андоз ва коршиносону масъулони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 1 афгусти соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Аз ин рӯ баргузории чунин ҳамоиши омӯзишӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди вилоят ба маврид мебошад. Зеро гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи замон буда, гузариш ба он ба устувории асъори миллӣ, осон гардонидани хизматрасониҳои пулӣ, бартараф намудани тамбашавӣ дар назди банкоматҳо ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Дар ин ҳамоиш сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода, мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Самадзода Фирдавс ва чанде аз мутахассисону коршиносон оид ба масъалаҳои гуногуни амалигардии иқдоми мазкур баромад карданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



