Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
04 июл 11:11АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ
“ТЕППАИ ҚӮРҒОН” БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеи таърихии “Теппаи Қӯрғон”-и шаҳри Бохтар дидан кардааст. Боздиди ӯ дар санаи 3 июли соли равон ба вуқуъ пайвастааст.
Тавре саҳифаи фейсбукии вилояти Хатлон иттилоъ додааст, теппаи Қӯрғон ба ифтихори ҷашни 1100 – солагии давлати Сомониён соли соли 1999 бозсозӣ гардидааст. Дар ин мавзеъ ҳамчунин осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум” низ фаъолият мекард, ки бо сабаби садамавӣ гардиданаш муваққатан ба дигар мавзеъ кӯчонида шудааст.
Тавре масъулини шаҳри Бохтар ба раиси вилоят иттилоъ доданд, Лоиҳаи нави “Теппаи Қӯрғон” аз ҷониби институти лоиҳакашии ҶСП “Шаҳрофар” таҳия гардида, тибқи лоиҳа дар болои теппа бунёди Амфитеатр бо 1000 ҷойи нишаст, чойхонаи миллии замонавӣ ва фаввораҳои рангоранд ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дода гуфтааст, ки “Азнавсозии “Теппаи Қӯрғон” ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд.”
Аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба”Сафо” иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии “Теппаи Қӯрғон” 2,5 гектар буда, тибқи Лоиҳа бояд бо харҷи 50 миллион сомонӣ бозсозӣ карда шавад.
Бояд қайд кард, ки пайдоиши ин теппаи таърихӣ ба асрҳои 1 – 2 мансуб буда, он муъзиҷаи табиат набуда, балки дастӣ сохта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



