Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОХТМОНИ ХОБГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД
Дар минтақаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар, сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз шудааст.
Дар ин бора котиби матбуотии донишгоҳи болозикр Комрони Бахтиёр ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки хобгоҳи донишҷӯён аз 7 ошёна иборат буда, барои 460 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Шайх Ҳусейн” иҷро гардида, аллакай то нуқтаи сирф расидааст.

Зикр шуд, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин сохтмони бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои таъмини устодону кормандон бо манзили зист ба нақша гирифтааст.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи мамлакат ба ҳисоб рафта, дорои 14 факултету 45 кафедра буда, аз рӯи 70 ихтисос мутахассис омода мекунад. Айни замон дар ин донишгоҳ зиёда аз 20 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



