Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАЪМИНОТ БО ОБИ НӮШОКӢ БЕҲТАР МЕШАВАД
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд марҳилаи дуюми “Лоиҳаи барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар” оғоз шудааст.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 4,8 миллион доллари америкоиро дар бар мегирад.
Дар ин бора сармуҳандиси корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар Ҷумабек Зоҳиров ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки тибқи ин лоиҳа чанде аз хатҳои оби нӯшокӣ иваз карда шуда, дар ҳудуди шаҳр як обанбор сохта мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки техникаву механизмҳои лозимӣ дастрас гардида, ба оилаҳои камбизоат 800 адад ҳисобкунанҳои обӣ ройгон насб карда шаванд.
Дар мувозинати корхона 163 километр хатҳои оби нӯшокӣ мавҷуд аст, ки аксарияти онҳо ба иваз кардан ниёз доранд. То инҷониб 12,8 километр хатҳои оби нӯшокӣ иваз карда шудаанд ва қарор аст, ки тибқи ин лоиҳа боз чанде аз хатҳои оби нӯшокӣ иваз карда шаванд.
-Аз 126 ҳазор аҳолии шаҳри Бохтар, феълан 78 дарсади он бо оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва дар сурати пурра амалишавии лоиҳаи мазкур сифати хизматрасонӣ ба сокинон беҳтар шуда, таъминот бо оби ошомиданӣ хуб мегардад, - гуфт Ҷ. Зоҳиров.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



