Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оҳангсоз, навозанда
“Беҳтарин асбоби мусиқӣ ҳам, садои дилхарош мебарорад гар иҷрокунандаи хуб надорад. Ҳатто, навозандаи моҳир низ наметавонад мусиқиро дилчаспу форам ба гӯши шунавандаи худ расонад, дар ҳоле, ки оҳанги хубе дар даст ё хаёл надорад. Асбоби мусиқӣ, оҳанг ё худ оҳангсоз ва навозанда бо ҳам тавъаманд. Яке бидуни дигаре моҳир ё беҳтарин буда наметавонанд”.
Панҷшанбе Хаёлҷонов, оҳангсоз ва навозандаи асбоби нафасии шайпур аст. Ӯ ҳанӯз овони ҷавонӣ нозукиҳои ин асбобро аз худ карда буд. Ҳамакнун беш аз 40 сол аст, ки ҳам оҳанг меофарад ва ҳам барои насли наврас ҳунари навозандагии шайпурро меомӯзонад.
Ба гуфтаи Панҷшанбе Хаёлҷонов, оҳанг “шпаргалка” –и навозанда аст. Бо истифода аз он навозандаи асбоби мусиқӣ дар иҷрои кори худ муваффақ мегардад. Зеро, оҳангсоз бо нолаи ҳар як асбоб ошно гашта, мусиқии худро меофарад. Ҳамин аст, ки ҳар як оҳангсоз дар навбати аввал навозанда мешавад.
- Чун навозандае, ки оҳангсоз аст, ба олами мусиқӣ тезтар ворид гардида, бо асбоби мусиқӣ ба қавле забон як мекунад,-мегӯяд, Панҷшанбе Хаёлҷонов. - Аз ин рӯ талош мекунам, дар баробари бо тамоми нозукї навохтани асбоби шайпур, оҳангҳои фораму дилкашро ҳам эҷод кунам. Аксар аз шогирдон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” маҳз бо иҷро намудани оҳанги офаридаи камина пирӯзӣ ба даст овардаанд, ки София Мубалиева аз зумраи онҳост.
Беҳтарин вақт барои тавлиди мусиқӣ ин танҳо мондан, мушкил доштан ва пеши худ асбоби мусиқӣ надоштан аст,- иброз медорад оҳангсоз Панҷшанбе.
Ба қавли худи ӯ дар ин се ҳолат кас фикр менамояду ба дуриҳои дур парвоз. Агар дар ин ҳолат асбоб пеши оҳангсоз набошад, ӯ ин ҳама фикрро дар хаёл ба риштаи мусиқӣ мекашад.
-Қайд мекунад Панҷшанбе Хаёлҷонов. - Оҳангсоз дар даст асбоби мусиқӣ дошта бошад, одатан баробари фикре дар сар задан зуд ба навохтани асбоб мепардозад, ки ин ҳолат фикрҳои ҷолиби тавлидшавандаи дигарро парешон мекунад. Оҳанги офаридаи ӯ низ муваффақона намебарояд.
Ба нақли ин оҳангсоз шахсан барои ӯ танҳоӣ, бе асбобӣ ва мушкил доштан, беҳтарин замон баҳри офаридани оҳанг аст. Оҳангҳои муваффақи ӯ низ дар ҳамин гуна шароит эљод гаштааст.
Коре, ки ҳаловат мебахшад...
Ин марди оҳангсоз ва шайпурнавоз ҳоло дар Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷайҳун фаъолият дорад. Дар танҳої худ машқи мусиқӣ мекунаду дар дарсҳо бошад ба шогирдон нотаю нозукиҳои шайпурро меомӯзонад.
Шогирдон ҳам талош мекунанд, то бо тавсия аз гуфтаҳои устод тавассути пуф кардан, аз асбоб оҳанги дилнишин эҷод намоянд.
- Бо муҳаббат ба даст асбоби мусиқӣ гирифтану навохтани он, мусиқии хуберо ба гӯши шунаванда расонидани шогирдон бароям ҳаловат мебахшад, -мегӯяд Панҷшанбе Хаёлҷонов. – Аз ин рӯ ҳамеша ба эшон ёдрас мекунам, кореро анҷом диҳед, ки ба шумо нерую ҳаловат мебахшад”. Калиди ҳама хушбахтӣ ва муваффақият ҳам дар зиндагӣ, ин бо ишқ ба коре пардохтан аст.
Назари ҳамкасбон
Аксар аз омӯзгорони Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷайҳун Панҷшанбе Хаёлҷоновро ҳамчун оҳангсози боистеъдод, навозандаи моҳир ва устоди серталош, таҷрибадору собиқадор мешиносанд. Зеро ӯ бо шуру шавќ ва талошҳои пайвастагӣ ба муваффақиятҳо ноил гаштаю шогирдони зиёдеро дар ин даргоҳ тарбия намудааст.
Дар хусуси саъю талоши Панҷшанбе Хаёлҷонов Мирзоалӣ Сайнаков, директори Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷайҳун мегӯяд, ки мактаб барои ӯ мисли хонааш аст. Зеро субҳ қабл аз ҳама меояд, шом пас аз ҳама меравад.
- Навохтани асбоби шайпур душвор аст, аммо шогирдони Панҷшанбе Хаёлҷонов дар мактаб наздик ба 20 нафар мерасад,-мегӯяд Мирзоалӣ Сайнаков. – Ин аз устоди корозмуда, навозандаи беҳтарин ва оҳангсози муваффақ будани Панҷшанбе дарак медиҳад. Ҳамин аст, ки вай ҳамеша пайи омӯзиш, такопӯ ва навоварист. Талош мекунад, ки навозиши асбобҳои нафасиро дар ноҳия рушду равнақ бахшад.
Ба андешаи Манучеҳр Назархудоев ҳампешаи дигари Панҷшанбе Хаёлҷонов ӯ натанҳо оҳангсоз ва навозандаю устоди хуб аст, балки пеш аз ҳама инсони комил, шахси бедордил аст. Дасти кумакаш ба ҳама ҳамкасбон мерасад.
- Навохтани асбоби шайпур кори осон нест, аз кас нерую тавон талаб мекунад,- зикр менамояд Манучеҳр. – Аммо Панҷшанбе ҳоло ҳам аз уҳдаи навохтани асбобҳои нафасӣ, махсусан, шайпур ба хубї мебарояд. Зеро нозукиҳои ин асбобро ба хубӣ аз бар кардааст. Вақте оҳангеро иҷро мекунад, кас намехоҳад утоқи Панҷшанберо тарк кунад. Чун мусиќии бисёр форам ва дилнишин менавозад.
Хотима.
Ҳунару ҳунармандӣ боғеро мемонад, ки доим шукуфону муаттар ва сарсабз боқӣ мондани он аз ҳунарманд вобаста аст. Аз ин ҷост, ки шахси ҳунарманд барои пойдор мондани ҳунари худ ва рушди касбият пайваста тамрин мекунаду барои насли имрӯз дарс мегӯяд. Ин шайпурнавоз, оҳангсоз ва устоди Мактаби санъат аз зумраи соҳибҳунаронест, ки умри худро барои рушди соҳа бахшидааст. Ӯ ҳамеша баҳри шукуфон мондани “боғ”-и худ, талош меварзад. Ҳам мусиқӣ менавозад ва ҳам оҳанг меофарад, то дигарон навозанд. Бо ин васила дар ривоҷ ва равнақ ёфтани санъати касбии мусиқии тоҷикӣ саҳми бориз мегузорад.
Низоми ИСО, “Сафо”
Н.Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



