Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚУРОҚДӮЗӢ ҲУНАРИ ҚАДИМИСТ
Қуроқдӯзӣ яке аз ҳунарҳои мардумии тоҷикон буда, таърихи тўлонии худро дорад. Қуроқдӯзӣ санъате мебошад, ки аз пораҳои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Аз он дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаву курпача, болишт, чойникпӯш ва ғайраҳоро омода сохта, тавассути мошинаи дарздӯзӣ медӯзанд.
Санъати қуроқдӯзиро дар баъзе минтақаҳои кишварамон лиёфдӯзӣ, порчадӯзӣ низ ном мебаранд. Қуроқдӯзӣ ин дӯхтани маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи пайваст кардани порчаҳои матоъ мебошад. Дар миёни мардуми тоҷик шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст, ки аз ҷумлаи он дӯхтани навъи варақӣ, қуроқи чашмӣ, қуроқи қӯӣ, қуроқи осиёбӣ, қуроқи ба шакли омезиш. Ҳар яке аз ин навъҳо маънии худро дорад. Омӯзиши қуроқдӯзӣ ба кашфи хосагиҳои мактабҳои мардумӣ, омӯхтани оину суннатҳо, шавқу завқи дӯзандагӣ мусоидат мекунад.
Ҳусноро Сафарова, аз зумраи бонувонии чирадаст, ки бо ҳунари қуроқдӯзии худ миёни аҳли деҳа ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъруфият пайдо кардааст.
-Хурд будам, ки модарам қуроқдӯзӣ мекард, - ба ёд меорад ҳунарманд. - Ман бо шавқу рағбати зиёд ба қуроқдӯзии модарам таваҷҷуҳ менамудам. Ҳар гоҳе, ки ба назди модарам талабгорони маҳсули дасташ меомад, меҳрам нисбати ин ҳунар бештар мешуд ва худ ба худ мегуфтам, ки агар ман ҳам ҳунарманд шавам харидорон ба суроғам меомада бошанд. Шукр, ки бо гузашти вақт ман низ соњибњунар шудам ва ба орзуи кӯдакиям расидам. Ҳоло харидорони маҳсули дастам хеле зиёданд. Дар тӯйу маросимҳои мардумӣ тибқи анъана ҳатман ҳадди ақал як дастархони ќуроқӣ омода мекунанд ва ё харидорӣ менамоянд.
Ҳамин тавр Ҳусноро Сафарова бо ҳунари аз модар омӯхтааш дар зиндагӣ комгор гашта, қуроқдӯзиро ба духтарону келинҳояш ёд додааст.
Бо дидани он нақшу нигоре, ки бо латапораҳо омода шудааст кас ба ҳайрат афтода, ба заҳмати ҳунарманд қоил мешавад.
-Ҳар як кор мушкилоти худро дорад. Махсусан, қуроқдӯзӣ, ки аз матоъпораҳо омода мешавад, - мегӯяд ҳунарманд. - Сараввал варақро калон чоркунҷа карда дар миёнаи он матоъро бо мошина медӯзем, бо дӯхтани пайдарпайи матоъҳо гул ҳосил мешавад. Ба ҳамин тариқа гулҳои омодасохтаи худро бо ҳамдигар васл менамоему болишт омода мегардад.
Ҳусноро Сафарова аз матоъпораҳо болишт, чодар барои арӯсон, кўрпаву кўрпача, рӯйпўши гаҳвора, чойникпўшонак ва ғайраро ба завқу салиқаи мизоҷон омода месозад. Ӯ дар баробари қуроқдӯзӣ ҳамчунин ба кашидадӯзӣ, бофандагӣ, куртадӯзӣ, чакандӯзӣ, муҳрабофӣ ва зардӯзӣ низ машғул аст.
-Аввалин шогирдоне, ки ҳунари худро ба онҳо омӯзонидам шаш нафар духтаронам мебошанд. Ба ҳар яки онҳо нозукиҳои ин ҳунарҳоро омӯзонидам, то ин ки бо истифода аз ҳунарашон дар хонаи ҳамсаронашон ҳам кор карда, рӯзгорашонро боз ҳам ободтар намояд, -идома дод холаи Ҳусноро.
Воқеан ҳам ҳунар ва шахси ҳунарманд ба шамъу парвонаеро мемонад. Шамъ ҳунар ва парвона шахси ҳунарманд аст, ки дар рӯшноияш ҳунарманд гирди он давр мезанад.
Духтари хурдии ин ҳунарманди асил Сабрина имрӯз касбу кори модарашро аз худ намуда, ба қуроқдӯзию гулдӯзӣ рағбат дорад. Ҳоло, ки ӯ мактабхон аст, тасмим гирифтааст, дар оянда таҳсилашро аз рӯи ихтисоси тарроҳӣ дар яке аз муассисаҳои олии кишвар идома диҳад.
Қурбон Сайдалиев, донишҷӯи бахши рӯзноманигорӣ
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД



