Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАҚОБАТИ ДОВТАЛАБОН ДАР ОЗМУН
Шуруъ аз 10-уми майи соли равон, дар вилояти Хатлон даври шаҳриву ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” оғоз шудааст.
Тавре сардори Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода ба “Сафо” иттилоъ дод, ин давр то 8 июни соли ҷорӣ идома ёфта, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.
Гуфта шуд, ки довталабон аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ, композиторӣ, дизайнерӣ ва рассомӣ ҳунари хешро пешкаши ҳакамони озмун хоҳанд кард.
Нафароне, ки дар даври вилоятии озмун ғолиб мешаванду ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд, бо мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ хоҳанд шуд. Бо ин мақсад бо Қарори раиси вилояти Хатлон наздик ба 350 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бояд гуфт, ки озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола доир гардида, мақсади он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



