Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУРРАМДЕҲ ЧАРОҒОН ГАШТ

Як тан аз сокини ободгари маҳал ташаббус нишон доду дигар ҷавонмардон дастгирӣ карда, маҳаллаи "Хуррамдеҳ"-и шаҳри Левакантро чароғон намуданд.
Ба иттилои ташаббускори ин амали хайр, Қурбоналӣ Қурбонов, онҳо беш аз 4 километр роҳи маҳаллаи худро бо дастгирии сокинони меҳанпараст, махсусан ҷавонони дар муҳоҷират қарор доштаи он, бо лампаҳои ҳозиразамон таъмин намуда, ин иқдомро амалӣ намуда истодаанд.
Дар кӯчаву хиёбонҳои ин масир ҳамакнун наздик ба 100 дона, лампаҳои ҳозиразамон, ки як донаи он беш аз 400 сомонӣ арзиш дорад, насб гардида истодааст.
Бино ба гуфтаи Қ. Қурбонов, лампаҳои мазкур офтобӣ буда, дар дилхоҳ боду ҳаво, ба мардум хизмат хоҳад расонид.
Ҳамзамон тибқи барномасозӣ ин намуди лампаҳо танҳо замоне метавонад равшан шавад, ки ҷисми зиндае дар атрофаш ҳаракат кунад.

Ба иддаои ҳамсуҳбати мо, соле, қабл ду кӯчаи маҳаллаи "Хуррамдеҳ"-и Ҷамоати деҳоти "Гулистон"-и шаҳри Левакантро, онҳо чароғон карда буданд. Бинобар паст сифат будани лампаҳо дар як сол, ҳама чароғҳои насбгашта фарсудаю корношоям гаштанд. Ҳамин аст, ки дар амалӣ кардани ин иқдом, чароғҳои тавассути нури офтоб қувва гирандаро интихобу насб карда истодаанд. Маврид ба ёдоварист, ки ду сол қабл маҳз бо ташаббус нишон додани Қурбоналӣ Қурбонов ва дастгирии соҳибкорону сокинони ин маҳал, 4 км роҳи ҳудуди он, ба пурагӣ асфалтпӯш гашта буд.
Дар амалӣ намудани ин иқдом, МИҲМ ш. Левакант низ саҳм гузошта, ҷиҳати таъмини қувваи кориву техника, мусоидат кардаанд.
-Мо бовар дорем, ки мардуми тифоқу ҳамфикри ин маҳал, бо роҳнамоиҳои раиси маҳалла, Вайсиддин Саидов, чунин амалҳои хайрро идома хоҳанд дод,-мегӯяд Қ. Қурбонов.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ