Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
13 сен 09:09АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Дар Кӯлоб 45 иншооти нав бунёд шуд
Дар шаҳри бостонии Кӯлоб, то ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду барқарор ва азнавсозии 462 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки эҳтимол аст ин шумора боз афзоиш ёбад.

Тавре зимни суҳбат раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз кард, аллакай дар давоми моҳҳои сипаригаштаи соли ҷорӣ аз ҷамъи умумии иншооти бунёдшаванда 45 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

-Боз дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 31 – солагии Истиқсолияти давлатии мамлакат ва ташрифи меҳмонони олиқадр 22 иншооти дигар, аз қабили ду корхонаи паррандапарварӣ, як муассисаи таълимӣ, бинои маъмурии Кумитаи Идораи замини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, бинои маъмурии Агентии Тоҷикстандарт дар минтақа ва Коллеҷи электоронии шаҳри Кӯлоб ба истифода дода мешавад, - гуфт Б. Назарзода.

Ба иттилои мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Аҳмадзода Қурбон айни замон дар 150 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, ки дар онҳо мутахассисони зиёди маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва марҳила ба марҳила онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Гуфта шуд, ки чун дар мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2022 – 2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон шудааст, давоми панҷ соли оянда дар шаҳри Кӯлоб 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд хоҳанд шуд.

Қурбон Аҳмадзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз 462 иншооте, ки ба нақша гирифта шудааст, 86 адади он ба соҳаи маориф, 48 адад ба соҳаи тандурустӣ, 40 адад ба соҳаи саноат, 16 адад дар самти варзиш, 44 адад дар соҳаи хизматрасонӣ, 40 адад дар соҳаи савдо, 33 бинои баландошёнаю маъмурӣ, 106 адад дар самти нақлиёт ва коммуникатсия, 9 адад дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ, як ададӣ дар самти энергетика ва ҳунармандӣ, 13 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 4 адад дар соҳаи фарҳанг ва 21 адад дар дигар самтҳо рост меояд, ки баъди бунёд шуданашон садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



