Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГЕЛОС
Аслан, гелоси сурх нисбат ба зарди он таркибан бештар маводи фоиданок дорад. Масалан, дар 100 грамм гелоси меъёри шабонарӯзӣ барои одам бо ҳисоби фоиз миқдори зиёди витаминҳою минералҳо мавчуданд. Аз он ҷумла, витаминҳо: С - 12%, К - 3%, В1 – 2%, В2 – 2%, В6 - 2%, минералҳо: калий - 6%, марганетс – 4%, магний - 3%, мис – 3%, оҳан – 2%. Дар 100 грамми гелос 63 килокалория мавҷуд мебошад.
Манфиати гелос бисёр аст. Чунончӣ, меваи онро ҳам тару тоза ва хушконида низ истифода мебаранд. Инчунин, аз думчаҳои меваи гелос ва барги онро низ обҷӯш омода менамоянд.
Барои пайванду буғумҳо
Барои пайванду буғумҳо шарбати гелос манфиати калон дорад ва пас аз истеъмоли он дарди дар натиҷаи кору бори ҷисмонӣ ба амал омада, аз тан меравад. Барои бемориҳои артрити ревматоидӣ ва дигар намуди бемориҳои буғумдард манфиатбахш мебошад. Таъсирнокии шарбати гелос ба доруи ибупрофен монанд аст.
Барои дилу рагҳо
Барои дилу рагҳо гелос чун сарчашмаи калий барои муътадил нигоҳ доштани фишори хун мусоидат менамояд. Гелос махсусан барои нигоҳ доштани мувозинати моеъ дар организми инсон мавқеи ҳалкунанда дошта, таъсирнокии калони натрийро ҷуброн месозад. Ҳамзамон, гелос гардиши хунро беҳтару хубтар намуда, бинобар сабаби дар таркибаш бисёр оҳан доштан, ҳангоми камхунӣ манфиатбахш мебошад.
Барои асабҳо
Барои асабҳо гурӯҳи витаминҳои В таъсири мусбӣ доранд, ҳолатҳои депрессивӣ ва хатарафзои асабро аз байн мебаранд. Мелатонини дар таркиби гелос буда, зидди бехобӣ фоиданок аст ва барои асабҳо таскинбахш мебошад.
Барои биноии инсон
Барои чашмҳо ин мева, ки аз бета-каротин хеле бой аст ва он ба витамини А табдил ёфта, биноии инсонро кувват мебахшад.
Барои узвҳои нафаскашӣ
Гелос дар таркибаш хеле зиёд витамини С дорад ва аз ин сабаб аломатҳои диққи нафас, яъне астмаро пешгирӣ мекунад. Инчунин, дамкӯтаҳӣ ва сулфаро нобуд месозад. Агар дар натиҷаи кори вазнини ҷисмонӣ ба шуш ва рагҳои он зӯр омада бошад, дар ин ҳолат гелос албатта манфиат дорад.
Барои узви ҳозима, яъне ҳазми ғизо гелос сабуккунанда мебошад ва ҳангоми дарди сихзании меъдаю рӯда фоиданок аст. Дар мавриди зардаҷӯш, дарди рӯдаи дувоздаҳангушта ва ҷигар низ манфиат дорад.
Барои пешобдон
Калий хусусияти пешобронӣ дорад. Меваи гелос ба ин раванд мусоидат намуда, заҳрҳоро тариқи пешоб аз организми инсон берун мекунад.
Барои пӯст, муйҳо ва нохунҳо
Витаминҳои А, В, С ва Е. ки дар таркиби гелос мавҷуданд, барои пӯст, муйҳо ва нохунҳо манфиатбахшанд. Аз таъсири витаминҳои дар гелос буда, пӯсти бадан мулоим мӯйҳо ҷилонок ва нохунҳо боқувват мегарданд.
Барои иммунитети организм
Ангезаҳои саратонӣ зери таъсири витаминҳои дар гелос мавҷуд буда, аз афзоиш боз мемонанд ва муқовимати организм бештару хубтар мегардад.
Гелос чун манбаи маҷмӯи витаминҳо барои кӯдакон, калонсолон ва пиронсолон тавсия дода мешавад. Вале истеъмоли гелос ба одамони мубталои бемороии қанд, қабзияти рӯдаю меъда ва ба мизоҷашон набуда, тавсия дода намешавад.
Таҳияи Зарнигори С.
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ ЛОГИСТИКӢ БУНЁД МЕШАВАД 10:59НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 15:375151 ВА МАЙНАИ ДОНО 12:12ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 18:07ХУРОСОН. БУНЁДИ ПАНҶ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАСИСАИ ТАЪЛИМӢ 14:04ФУРӮҒИ ДОНИШ ДАР ҚАЛБИ КӮҲИСТОН 12:11Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025



