Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН АЗ ХИСЛАТҲОИ НАҶИБИ ИНСОНИСТ
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Мову шумо дар арафаи иди саиди Фитр, ки барои тамоми мардуми мусулмон муътабару муборак аст, қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамаи сокинони шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзӯ менамоям.
Мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни умумимилиамон 35-солагии истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида, бо шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имконият пайдо намудем, ки иду ҷашнҳои милливу суннатиамонро дар фазои сулҳу осоиш, якдигарфаҳмӣ ва дӯстию эҳтиром истиқбол мегирем.
Иди Фитр яке аз маросими пурфайзи маънавие мебошад, ки дар айёми он ба дилҳои мардум нури маърифату муҳаббати илоҳӣ ворид гардида, торикӣ ва кинаву кудрат аз онҳо берун меояд. Зеро дар моҳи пур аз каромату раҳмати Рамазон ва шаби қадр мусулмонон бо доштани рӯза, дӯои нек, зикру тиловати оятҳои раббонӣ дилу руҳи худро пок месозанд.
Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам (с) омадааст: «Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед». Дар асоси таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақаҳо, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз суннатҳои рӯза тарбия намудани эҳсоси ҳамдардӣ ба муҳтоҷону мустамандон ва кумаку дастгирии онҳо на фақат дар моҳи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моҳу айём мебошад.
Имсол ҳам барои дастгирии мардуми камбизоат, ятимон, маъюбон ва муҳтоҷон бо ҳидоятҳои бевоситаи Роҳбари давлат корҳои хайри боарзише сурат хоҳанд гирифт.
Дар арафаи иди саиди Фитр роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ уҳдадор гардидаанд, ки садақаи фитрро ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ намуда, ба нафарони эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷоти онҳо кумакҳо намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд кардаанд, ки «Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро саривақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахсус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус дидаанд, фаромӯш накунем».
Ба хотири манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, маблағҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоем, ба ҷойи харҷи беҳуда ба фарзандон шароити мусоиди илмомӯзӣ ва зиндагии шоистаро фароҳам оварда, дар ин росто фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ба камол расонем.
Бори дигар иди саиди фитрро ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат ва хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд 12:31ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



