Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Махзани илму маърифат
Шуҳрати хатмкунандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун парандагони муҳоҷир то уфуқҳои дур рафтаву ин махзани илму маърифатро овозадор намудааст.
Маркази маъмурии ноҳияи Шӯрообод аз соли 1941 деҳаи Саричашма буд. Вақте ки соли 1959 ноҳияи Шўроободро барҳам доданд, бинои маъмуриаш холӣ гашт ва баъди як моҳи барҳамхўрӣ дар заминаи бинои маъмурии он дар деҳаи Саричашма мактаб-интернат таъсис дода шуд. Дар соли аввали таъсисёбии мактаб-интернат хонандагони синфҳои 5- 8 ба он қабул карда мешуданд, ки теъдодашон 150 нафар буд. Талабагоне қабул карда мешуданд, ки бепадару модар ё аз оилаҳои камбизоат буданд. Дар мактаб-интернат тартибу низоми нимҳарбӣ ҷорӣ буд. Хонандагон 24 соат зери назорати муаллимон ва мураббиён қарор доштанд. Талабагон бо хобгоҳ, сарулибос, хӯрок таъмин карда мешуданд. Дар мактаб-интернати мазкур системаи махсуси таълиму тарбия ҷорӣ карда шуда буд. Маҳз ана ҳамин система буд, ки профессорон Шаҳбоз Кабиров, Давлат Халифаев, Маҳмуд Абдуллоев, Саидаҳмад Юнусов, Муродалӣ Набиев, Давлатманд Холов, Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ, нависанда Наср Бобо, Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Ҷумахон Сафаров, Абдусалом Ўзбеков, шодравон Салим Муқимов, генерал- майор шодравон Рустам Амакиев, полковникҳои мустаъфӣ Зокир Орифов, Сайдалам Сайдалиев, Бозоралӣ Комилов, Абдукомил Қодиров ва чандин нафарони шинохтаи кишвар ба сатҳи баланд расида, ба Ватан хизмат мекунанд.
Вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернат хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби сарпарастон ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбад ва шароит барои таҳсили онҳо муҳайё карда шудааст. Дар мактаб-интернат 116 нафар хонандагон таҳсил мекунанд, ки 12 нафари инҳо духтаронанд. Аз шумораи умумии толибилмон 38 нафар аз оилаҳои бемор, 3 нафар ятими кулл ва нимятим буда, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Рўз то рўз сатҳи зиндагӣ ва сатҳи таълиму тарбия дар муассиса хеле хуб шуда истодааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарасти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Кумитаи сармоягузории амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну маъракаҳо кумаки худро ба муассиса мерасонанд. Сарпарасти муассиса ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои бачаҳои лаёқатманди ин дабистон туҳфаҳои махсус инъом мекунанд. Дар моҳи январ ва феврали соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин имсол дар мактаб-интернат синфхонаҳои ронандагӣ, касбомўзӣ ва кафшергарӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд.
- Муддати 6 сол шуд, ман дар ин даргоҳи маърифат таҳсил мекунам. Ба мо беҳтарин устодон сабақ медиҳанд. Ҳама шароит барои таҳсил муҳайё карда шудааст. Берун аз дарс мураббияҳо ҳамроҳи мо кор мекунанд. Мавзеъ барои таҳсил бисёр хуб буда, сарпараст низ нафарони аълохонро ҳавасманд мекунад. Ман ҳуҷҷатҳоямро ба кластери 5 – ум супоридаам ва умедворам, ки баъди хатми мактаб-интернати азизам донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардам, – мегўяд, Рамазон Имомов, хонандаи синфи 11-и мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
- Мактаб-интернат иқтидори таъмини 350 нафар хонандаро доро мебошад. Аз даврони Шӯравӣ ҳама шароитҳо: бинои таълимӣ, ошхона, хобгоҳ барои 350 нафар мувофиқ сохта шудааст. Имрўзҳо ба мактаб-интернат 116 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, зеро бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат кӯдакони ятим ва нимятим қабул карда мешавад. Дар даврони собиқ Ҳукумати Шўравӣ бошад, мактаб-интернат пурра бо шумораи 350 нафар ҷой карда шуда буд. То солҳои наздики соҳибистиқлолии кишвар низ шумораи хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ҳамин 350 нафарро ташкил мекард. Ин то соли 2017 буд, ки шумораи хонандагонаш аз 300 нафар зиёд буд. Баъди низомномаи намунавии мактаб-интернатҳо тағйир ёфтан, танҳо ятимони кулл ва нимятимонро гирифтем. Хонандагони оилаҳои камбизоат аз рўйхат бароварда шуданд. Ҳозир мо барои 180 нафар бо тамоми таҷҳизотҳо ва шароитҳояш барои хонандагон ҷои хоб дорем. Фақат ҳаммоми мактаб-интернат, ки солҳои 1959 сохта шуда буд, камтар ба замони ҳозира мувофиқ нест. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Кумитаи сармоягузории амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бинои нави замонавии ҳаммому хоҷатхона сохта истодаанд, ки дар арафаи ба истифода додан аст, – гуфт Суҳробхон Абдураҳмонов, директори мактаб- интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Аз 116 нафар хонандагон 18 нафарашон манзили зисташон наздик аст. Онҳо дарсҳо ва машғулиятҳои иловагиро дар мактаб-интернат гирифта, баъдан бегоҳ ба хонаҳояшон мераванд. Боқимонда 98 нафари дигарашон дар хобгоҳ ҳастанд. Дар мактаб-интернат хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 ба таълим фаро гирифта мешаванд. Хонандагоне, ки то синфи 11 мехонанд, бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар литсеи президентӣ ва ё бо квотаи махсус ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд.
Роҳбари муассиса С. Абдураҳмонов қайд мекунад, ки дар сатҳи вилоят дар панҷ соли охир 11 нафар хонандагони мактаб-интернат медал гирифтанд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад, танҳо хонандагони синфи 11 иштирок карданд ва 3 нафари онҳо соҳиби медал шуданд. Имомов Рамазон ва Нилуфари Назаралӣ гирандагони стипендияи президентӣ мебошанд. Шумораи умумии омўзгорон ва мураббиён 26 нафар буда аз ин 7 нафарашон мураббианд. Дар арафаи иди Наврўз аз ҷониби сарпарасти муассиса ба маблағи 10-12 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ маводи хўрока ва сарулибос кумак карда шуд.
Билоли Шамс, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36ХӮРИШ АЗ АНҶИР 11:33
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо



