Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Заҳролудшавӣ аз замбурўғ
Бо фаро расидани фасли баҳор, баъди борону раъду барқ дар дашту даман занбурўғ фаровон мешавад. Табиист, ки дар ин айёми сарсабзию гулафшони табиат одамон барои тамошову фароғат ба кўҳсор мераванд, замбурўғ чида истеъмол мекунанд. Вале замбурўғи хурданбобро на ҳама мешиносад, ки бо ин сабаб баъзан заҳролудшавии одамон мушоҳида мегардад. Дар бораи замбурўғҳо дар китоби «Канзи шифо» чунин маълумот омадааст: «Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон қорч ҳам мегӯянд. Ин растаниест, ки дар заминҳои намнок баъди боришҳо ба шакли телпак медамад. Навъҳои бисёр дорад: хӯрданбоб ва заҳрнок. Хӯрданбоби онро қорч меноманд. Хуллас, ҳар як қорч часпак набуда, бӯйи бад надошта, сафеди моил ба андак тирагӣ бошад ва дар заминҳон ғайри шӯразор бирӯяд — хӯрокӣ, яъне хӯрданбоб аст. Сиёҳ ва сурхи онро намехӯранд, зеро бисёр заҳрнок аст. Инчунин дар зери дарахтони анҷир, чормағз ва дар саргинҳо рӯйидааш ҳам заҳрнок мебошад.
Фарқ кардани қорч ва занбӯруғи заҳрнок бо ин аломатҳост: агар навъи заҳрнокро бурида бигузоранд, зуд вайрон ва бадбӯ мегардад ва инчунин ҳар чиро, ки бар он бимоланд, онро вайрон ва мурдор месозад. Вале дар қорч ин хислат мавҷуд нест»
Агар қорчро бихӯранд, дер ҳазм мешавад, аз он моддаи ғализ ва бадбӯ пайдо мегардад. Агар инро бисёр бихӯранд, исҳол меоварад, вале агар дар шикам бӯйи бад пазирад, худаш ҳам зуд ва беҳад бадбӯ мегардад, дар узвҳо гиреҳ, дарди меъда ва қулинҷро ба ҳам мерасонад».
Истеъмоли барзиёди замбурўғ ба саломатӣ зарар дошта, карахти меоварад, ба иллати фолиҷ ва сакта гирифтор мекунад,- нигоштааст табиби халқӣ.
«Беҳтарин ислоҳкунандаи зарари қорч хардал (горчица); бо намак, шибит, пудина, равғани кунҷид, равғани зайтун, кокутӣ ва мурч пухта, бо ноки тару тоза ё ноки хушк хӯрдан аст. Қорч хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд, ҳамчунин онро бо тухми мурғ ё бо гӯшт хӯрдан зарар дорад».
Заҳролудӣ аз замбурўғ
Тавре зикр гардид, заҳролудӣ аз замбурўғҳо асосан дар баҳор мушоҳида мегардад. Сабаби асосӣ дар бораи занбӯруғҳо маълумоти кофӣ надоштани одамон аст. Ҳамчунин дар шароити ғайрисанитарӣ ва пастсифат тайёр кардани замбӯруғҳо метавонад оқибати ногувор дошта бошад.
Замбурўғҳо ғизои пурқимат буда, ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: хӯрданбоб, шартан хӯрданбоб (яъне занбӯруғҳое, ки пеш аз истеъмол коркарди махсуси табохиро металабанд) ва заҳрнок. Одатан, одамон аз занбӯруғҳои заҳрнок ва шартан хӯрданбоб заҳролуд мешаванд.
Аз замбурўғҳои заҳрнок телпаки қозӣ, марги магас, шайтонзамбурўғ маъмуланд. Заҳролудӣ аз телпаки қозӣ хеле вазнин мегузарад (то 90 фоизи осебёфтагон ҳалок мешаванд). Ин замбурўғ дар таркибаш ду гурӯҳи моддаҳои заҳрнок дорад. Ҳар ду ҷигар ва гурдаро аз кор мебароранд.
Заҳролудӣ аз телпаки қозӣ чор давра дорад: давраи ниҳонӣ (аз лаҳзаи истеъмоли замбурўғ, ки 8 – 24 соат тӯл мекашад); осеб дидани меъдаю рӯда (аз 1 то 6 шабонарӯз давом мекунад; дар ин маврид организм аз сабаби исҳол миқдори зиёди об ва намакҳои барои ҳаёт заруриро талаф медиҳад);
Нишонаҳои заҳролудшавӣ одатан, пас аз давраи ниҳонӣ пайдо мешаванд. Онҳо ногаҳон падид омада, тез шиддат мегиранд (дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам, исҳоли зиёд, баъзан бо омехтаи луоб ва хун). Заҳролудшавӣ дар кӯдакон хеле вазнин буда, иллати фаъолияти ҷигар аксар вақт ба марг меанҷомад.
Заҳролудӣ аз марги магас (мухамор) кам вомехӯрад, чунки онро аз замбурўғҳои хӯрданбоб зуд фарқ кардан мумкин аст. Заҳри мускарин, ки дар таркиби ин замбурўғ аст, боиси ҳаяҷони ҳаракат, ихтилоҷ, тангии мардумаки чашм, афзудани оби даҳон, арақ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай мегардад. Нишонаҳои аввалини заҳролудшавӣ пас аз 1,5 – 6 соати истеъмоли замбурўғ пайдо мешаванд.
Аломатҳои заҳролудӣ аз замбурўғҳои шартан хӯрданбоб (дилбеҳузурӣ, қай, исҳол) пас аз 1 – 3 соати истеъмоли онҳо ба мушоҳида мерасанд. Сабаби заҳролудӣ истеъмоли замбурўғҳои нодуруст нигоҳдошта ё дуруст пухтанашуда аст. Мариз баъди 1 – 2 рӯз шифо меёбад.
Дар сурати ҳар гуна заҳролудшавӣ ҳатто агар он хеле сабук бошад ҳам, фавран ба духтур муроҷиат кардан ё зарардидаро ба беморхона бурдан зарур аст. Ба беморони мубталои заҳролудии шадид ёрӣ расонида, ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки самараи он бештар ба табобати бармаҳал вобаста аст. То омадани духтур меъда ва рӯдаи беморро шуста, ӯро ба бистар мехобонанд. Меъдаро бо оби ширгарм, намакоб ё маҳлули сусти перманганати калий мешӯянд. Барои шустани рӯдаҳо маводи исҳоловар (равғани канадона ё намаки исҳол) ва барои пурра тоза шудани онҳо ҳуқнаро истифода мебаранд. Барқарор намудани моеъе, ки организм дар натиҷаи қай ва исҳол гум мекунад, хеле зарур аст. Барои ин ба бемор кам-кам оби шӯртамъ менӯшонанд (ин шиддати қай ва дилбеҳузуриро паст мекунад) ё чои талх медиҳанд. Ҳангоми заҳролудшавӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нӯшидани машруботи спиртӣ мумкин нест.
Агар дар бораи замбурўғ маъломоти кофӣ надоред ё замбурўғи заҳрнокро аз хурданбоб фарқ намекунед, беҳтараш аз истеъмоли он даст кашед.
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ