Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ МИЛИТСИЯ ДАР КӮЛОБ

Бинои таълимии коллеҷи милитсия аз 4 ошёна бо таҳхона иборат аст. Иншоот мутобиқи талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он ҳамчунин дорои 14 синфхона, ошхона, китобхона бо 3600 нусха китоб, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст мебошад.
Рамазон Раҳимзода курсантони коллеҷро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ, ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия самимона табрик намуд. Номбурда зикр кард, ки «маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар гардидани насли наврасу ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин радиф муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд».
Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, таъсис дода шудааст.
Коллеҷи мазкур мутахассисони воҳидоти таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омода намуда, хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ давоми 3 ва 4 сол ба таълим фаро мегирад.
Коллеҷи милитсия дорои шароити мусоид, аз қабили хобгоҳ барои 441 нафар, ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷаҳҳаз бо маводу ашёи зарурӣ буда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.
Дар охир курсантони фаъол ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бо мукофотҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ