Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ба 400 қарор эътироз оварда шуд
Давоми соли 2021, дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ба 400 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2020-ум 133 ҳолат зиёд мебошад.
Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори вилоят зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз 400 эътирози оварда шуда, 316 ададаш ба масъалаҳои замин алоқаманданд. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки 65 фоизи ин эътирозҳо ба қарорҳои раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо тааллуқ дорад.
Зикр карда шуд, ки барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳои вобаста ба замин 429 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Инчунин бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4 ҳазору 545 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 425 гектар зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



