Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“САФО” БАРАНДАИ ОЗМУН ШУД
Рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Эъҷози Истиқлол”, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни расонаҳои хабарӣ роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.
Дар озмун 22 нафар намояндагони расонаҳои гуногуни сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 200 адад маводҳои хешро аз рӯи ду номинатсия, “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ” ва “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” пешниҳод намуда буданд.
Аҳли коллективи маҷаллаи вилоятии “Сафо” дар ин озмун аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дар вазъияти тантанавӣ дар қатори дигар ғолибон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сармуҳаррири маҷаллаи “Сафо” Мирзосаидиён Латофат Дипломи дараҷаи 1 ва 5000 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



