Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Халқи тоҷик дар баробари дигар халқҳои ҷаҳон аз замонҳои хело қадим арзишҳои миллии худро доро буд. Ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳо муқаддасоти миллӣ, бахусус Парчам, ки рамзи давлатдорӣ, иттиҳоду якпорчагӣ ва ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ буд, миёни мардуми мо маҳбубияти хос дошт.
Бори нахуст дар давраи ҳукмронии Заҳҳок, ки ҷабру истибдод ва зулму беадолатиро ба мардум пеша карда буд, Коваи ҷасур бо шуҷоатмандӣ пешбандӣ кории худро ҳамчун парчам истифода намуда, зери он мардумро иттиҳоду сарҷамъ карда, бар зидди душмани аҳриманӣ исён бардошт ва зери пешбанди чармии худ ҳалқро мутаҳид намуда, дар ин муқобилият пирӯз шуд.
Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ Парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас дар давраҳои минбаъда ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то ба имрӯз дар мавзеъҳои гуногуни таърихии кишвар боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим Парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси ватандорон будааст.
Қобили қайд аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти басо ҳассос ва мураккаби сиёсӣ қабул гардидааст. Махсусан, бо рисолати таърихии худ дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор шуда, ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуд, ки ӯ Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳонид, балки масири рушди босуботи ояндаи онро муайян кард. Аз ҷумла, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 - ум инҷониб, 24 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, суруди миллӣ ва нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад.
Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Рӯзи Парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон барои ҳар як фарди ҷомеа асолати миллӣ, ғурури сиёсӣ ва ҳуввияту муҳаббати ватандориро таҳким бахшида, кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ¬ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон буда, ҳар як ранги он нишонаи соҳибдавлатӣ, ҳафт ситораи дурахшон мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва аз ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми вилояти Хатлон аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг ва дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Данғара ва Восеъ низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки воқеан ҳам ифтихори миллӣ ва ифодакунандаи соҳибистиқлолию озодӣ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин васила тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Рисолати бузурги парчамсозию парчамдорӣ аз гузаштагон ба мо мерос монда, бо таваҷҷуҳ ва хизматҳои шоистаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ин иқдоми шоиста дар шароити имрӯза идома дорад.
Парчами давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурури миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд.
Тамоми мардуми сарбаланду бовиқори вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, рӯзгори пурфайз, саломатии бардавом ва ба Тоҷикистони азиз шукуфоию пешрафт ва парафшонии Парчами давлатиро таманно дорам.
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад