Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия, санаи 10 ноябри соли 2021.
Ҳамватанони азиз!
Як саду чорумин солагии Рӯзи таъсисёбии кормандони мақомоти милитсияи тоҷик дар даврае таҷлил гардида истодааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ 30 сол инҷониб дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба сӯи рушду тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи сохтори давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.
Бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро барои саҳми бисёр арзишманд, дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон гузоштан изҳори минатдорӣ баён намуда, барояшон Рӯзи кормандони милитсияи тоҷикро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи кормандони ин ниҳоди пурқудрат тансиҳатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, дар иҷрои вазифаҳои минбаъда иродаи қавӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ҷасорату мардонагиро хоҳонам.
Дар давраҳои вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомоти давлатии имрӯзаи тоҷикон, аз бисёр ҷиҳат ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона пойдор буда, дар ҳоли рушд қарор дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешанд.
Қобили зикр аст, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
Вақте ба таърихи гузаштаи милитсияи тоҷик назар мекунем, саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ ба миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем.
Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.
Хело ба маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд».
Бо дарназардошти он ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти милитсия ба шумор меравад, саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва имрӯза оромии ҷомеа, ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.
Солҳои душвору вазнини гузашта таҷрибаву малакаи касбӣ ва матонату мардонагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро тақвият бахшида, онҳоро ба муборизаи беамон бар зидди унсурҳои сиёҳкору ҷиноятпеша ва халалдорсозандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ҳидояту раҳнамоӣ карданд.
Имрӯзҳо низ кормандони милитсия анъанаи далериву мардонагӣ ва сарсупурдагиву садоқатмандии худро ба миллату Ватан идома дода, дар ошкор ва пешгирӣ намудани садҳо ҷиноятҳои вазнини хусусияти фаромиллидошта, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон, ҳамчунин безарар гардонидани даҳҳо аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша саҳми босазо гузошта истодаанд.
Саҳми собиқадорони мақомот дар тарбияи ҳайати шахсӣ, роҳнамоӣ ва гузоштани таҷрибаи бою ғании худ дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ хело ҳам калон буда, барои чунин заҳмати онҳо арзи сипос изҳор менамоям.
Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъ омадани шумораи зиёди гурӯҳҳои ифротӣ дар марзи давлатӣ ва ҷой доштани дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти худро боз ҳам дучанд сохта, омодабошии доимии ҳайати шахсиро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин созем.
Дар рӯзи таҷлили Иди касбии кормандони милитсия бори дигар минатдории худро барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва иҷрои ҳатмии амру фармонҳои Роҳбари давлат фаъолият мекунанд, изҳор медорам.
Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд.
Бори дигар таҷлили Иди касбиро ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ, сулҳу субот ва дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак бошад, ҳомиёни назму тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!
Добавить комментарий
Ахбор
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30Мазҳакаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” 13:27Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид 15:49
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой
СУМАНАК
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд