БАР ОЛАМИ ШАРҚ НУР БОРӢ, РОҒУН!
Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши мамлакатҳои Осиё ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим дар ҷумҳурӣ ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо қувваи барқ мебошад. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70 - уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале он нотамом монд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар оид ба саҳмгузорӣ дар идомаи бунёди неругоҳи тақдирсози “Роғун”, ки 6-уми январи соли 2010 садо дод, тамоми нафарони баору номуси кишварро ба ин кори дорои аҳамияти стратегӣ сафарбар намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, дар қаламрави он қариб 67 фисади обҳои минтақа сарчашма мегирад. Кишвари мо дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб рафта, ин имконоти бузург метавонад натанҳо Тоҷикистон, балки мушкилоти норасоии барқро дар минтақа ҳам бартараф созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 947 дарё мебошад, ки аз 10 то 3000 км зиёдтар дарозӣ дошта, қисми зиёди ин дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи баҳри Арал мерезанд. Дарёи Вахш бузургтарин шохоби дарёи Ому буда, тӯли он 524 километр аст. Аз лиҳози иқтисодӣ дарёи Вахш барои рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон мавқеи бузург дорад. Ин дарё захираи хеле бузурги неруи барқ буда, паҳнои ҳавзаи обхезаш 39 100 км², ҷараёни суръати гузашти обаш 156 м³/с аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои бузурги обӣ сохтмони як қатор неругоҳҳои барқӣ, аз ҷумла, НБО “Роғун” идома дорад, ки он аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад.
Биё, бо дасти худ созем Роғун,
Бигардонем мо худ чархи гардун.
Айни ҳол Тоҷикистон сохтмони неругоҳи бузургтарини энергетикиро дар минтақаи дарёи Вахш (НБО-и «Роғун»-ро ба роҳ мондааст, ки баландии сарбандаш 335 метр, ҳаҷми умумии обанбори он 13,8 миллиард метри мукааб обро дар бар мегирад. Иқтидори истеҳсолии он 3,600 МВт буда, аз 6 чарха иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Ин неругоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 6 млд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад. Ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.
Сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” талаби давру замон буда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад:
Дар навои мавҷи Роғун даъвати мардони кор,
Бо садои мавҷи Роғун раҳсипор бояд шавем.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиёт пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, кишварамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Баъдан, бо бунёди пурраи он Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст оварда, барои ҳама соҳаҳо фоидаовар аст.
Равшании нури «Роғун» неъмати дарёи Вахш,
Мо ба кори кашфи «Роғун» устувор бояд шавем.
Давлате дар Осиё пуриқтидор бояд шавем,
Давлате дар Осиё пурифтихор бояд шавем.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» корзори мардонагӣ, майдони заҳматҳои диловаронаю самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати баору номуси тоҷик кохи нурро бо қувваи дасту бозуи хеш, ақлу хирад, бо арақи ҷабин бино мекунад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои миллати тоҷик нуру рушноӣ, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёкони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам- нур, гармӣ ва шодиву нишот меорад. Зеро НБО “Роғун” аз иттиҳоди хурду бузурги мардум ба авҷ сар кашида, мояи нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.
Калиди бахти миллат ҳаст Роғун,
Калиди тахти миллат ҳаст Роғун.
Дар рӯзи ҷашни истиқлолият ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» далели амалӣ гардидани ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаи давлату Ҳукумати кишвар аст, ки нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд мебардорад.
Шоҳмурод ҚУЛЛАЕВ,