Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 04:52---
Табақтарошони Восеъ
Бо эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ ба ин ҳунари аз қадим машҳур дучанд гардид. Табақтарошӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҳунарҳоест, ки солҳо рушду равнақ ёфта, даҳҳо хонаводаҳо аз ҳисоби пешбурди ин касабаи аҷдодӣ ризқу рӯзӣ меёбанд. Дар деҳаи Оқҷари ноҳияи Восеъ Усто Тоҷиддини табақтарош ҳаёт ба сар мебарад, ки аз маҳсули дастранҷаш қариб кулли хонаводаҳои минтақа баҳравар мебошанд. Ин ҳунарро ӯ аз амакҳояш омӯхтааст, ки солҳои пеш ба василаи ин ҳунари зебо рӯзгори худро пеш мебурданд. Завқу ҳам истеъдоди ирсӣ имконаш дод, ки аз синни хурдӣ дар пешаи табақтарошӣ панҷа нарм карда, нахустин маҳсули кӯдаконаашро ба бозор барорад.
- Барои аз худ кардани ин ҳунар бояд як муддат кори табақтарошонро мушоҳида кард. Аз тарзи асбобро ба даст гирифтану муносибат ба чӯби ниманарм то қоидаи тешазанию аз чӯб тарошидани инчунин зарфи зебое мисли табақи тоҷикӣ заҳмати зиёду асаби қавӣ мебояд. Агар дастгирии маънавию таскину рӯҳбаландии устод набошад, ба мартабаи ба қавле устои табақтарош расидани ҳунарвари ҷавон ниҳоят мушкил аст. Самараи таваҷҷуҳу дастгирии устодонам дар ин ҷода буд, ки бо мурури вақт нозукиҳои ҳунарро аз худ карда, аввалин маҳсули заҳамтамро ба бозор баровардам. Шаклу сурати нахустин табақи омоданамудаам, ки бароям ниҳоят арзишманд буд, ҳамеша пеши назар дорам, мегӯяд усто Тоҷиддин.
Бо мурури солҳо усто – Тоҷиддин бо намунаи табақҳои тарошидааш миёни мардуми деҳа обурӯ пайдо намуда, овозаи маҳораташ фаротар аз зодгоҳу ноҳияи Восеъ расид. Ҳамакнун мардум ӯро бо тахаллуси касбаш Усто- Тоҷиддин ном мегиранд ва аз ин хушаш меояд. Ба пешрафту бозори гарми табақҳои тарошидааш нигоҳ накарда, пайваста заҳмат кашида, баҳри беҳбудии сифати маҳсулоти хеш пайваста дар омӯзишу ҷустуҷӯй аст.
-Барои омода намудани табақу дигар зарфҳои чӯбин бештар аз дарахтони чинору чормағз истифода мебарам. Шояд аз таҷрибаву меҳнати пайваста бошад, ки имрӯз барои омода намудани як табақ як соат заҳмати софдилона кифоят мекунад,- изҳор медорад усто Тоҷиддин. – Барои табақтароши беҳтарин мавсим фасли баҳор аст, зеро дар ин фасл сатҳи намнокии дарахтон зиёд буда, ба шакли табақу зарф даровардани кундаи чӯб осон аст.
Сол аз сол зиёд шудани шумораи харидорони маҳсулоташ исму насаби ӯро миёни мардум машҳур сохта, яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуну чорабиниҳои вилояту ҷумҳуриявӣ аст. Дар ин ҷода ба тарбияи шогирдон низ аҳамияти зиёд медиҳад ва омӯзиши асрору нозукиҳои ин ҳунарро ба ҷавонон рисолати худ дар зиндагӣ медонад.
Раҷабзода РАҲМОНАЛӢ, коромӯзи маҷаллаи «САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


