Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
04 май 16:43Ҳуқуқ ва амният
НЕРУИ ЗЕҲНӢ - муҳофизи арзишҳои миллӣ
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди неруи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус диҳад.

Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология босуръат рушд мекунанд, ташаккули неруи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти миллӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва иқтисодии он мебошад. Фарҷоми «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ анҷом пазируфт, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод. Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми саддаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.
Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятхои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар якчанд омилҳо ба сарнавишти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад.
Дар раванди ҳассоси геопалитикии ҷаҳон неруи зеҳнӣ қувваи асосиест, ки имкони дарки дасисаҳои сиёсиии қудратмандонро дорад. Аммо пиёдасозии њадаф мансуб ба минтақаҳо ва эътимоду эътиқод ва ба вижа таассубот пайвасти ногусастанӣ дорад. Ин падида солҳои охир, ба вижа дар ҷаҳони ислом дар шаклҳои тезутунд воқеъ гардида, на танҳо боиси вайрон шудани амну субот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст, ҳамчунин ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии умуман ҷаҳони муосир таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин раванд имрӯз, бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ- геополитикии худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазоҳиби исломӣ вуҷуд дорад, сӯйистифода намоянд.
Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динї доштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, Ҳаракати исломии Туркистон, Толибон, Ҷамоати таблиғ, Ҳизби таҳрир, Ансоруллоҳ ва ғайра мебошанд. Дар чанд соли охир бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тавонистанд, ки дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Миср, Ироқ, Сурия, Нигерия тазоҳуроти сиёсӣ доир намуда, ин кишварҳоро аз рушди устувор на танҳо боз доранд, ҳамчунин ҷаҳони исломро ноором сохта, нуфузи худро дар ин мамолик нигоҳ доранд. Дар кишварҳои номбурда ҳамеша аз омили динӣ кор гирифта, ба хотири тасарруф кардан ва дар як сатҳи бунбастӣ қарор гирифтани мардумони ин кишварҳо арзишҳои диниро тарвиҷ кардаанд. Ҳадафи асосии чунин амал барои истеъморгарон чанд афзалият дошт.
- дар ҷомеаи суннатии дингаро арзишҳо ва чорчӯбаҳои тарзи зиндагӣ муайянанд ва тағйироту дигаргунӣ дар онҳо ба душворӣ ба амал меояд, зеро ҷомеаи динсолор навгароӣ ва дигарандеширо қабул надорад;
- барои истеъморгарон ҷомеаи динсолор аз он ҷиҳат қобили аҳамият аст, ки дар он метавон ба осонӣ унсурҳои тафриқаандоз ва низоъбарангезро ба вуҷуд овард ва бо тақсими ҷомеаи мустамликашуда ба гурўҳҳои зид онҳоро байни ҳам тарс дода, манфиат ва ҳокимиятро тасарруф кард;
- бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои истеъморгарон он аст, ки дар чунин навъи ҷомеа ҳувияти динӣ аз ҳувияти миллӣ болотар қарор мегирад ва доиман ҳувияти динӣ ҳувияти миллиро саркӯб намуда, идеяҳои космополитизмро тарҷеҳ медиҳад. Чунин вазъ ба он хотир назди мустамликадорон соҳиби эътибор аст, ки муқовиматҳои миллию озодихоҳиро саркӯб мекунад ва манфиатҳои мустамликадоронро ҳимоят менамояд;
Натиҷаи пуштибонӣ ва маблағгузорӣ ба андеша, њаракат ва ањзоби динї сабаби ба вуҷуд омадани давлатҳои беҳуввият, анархистӣ ва истибдодӣ мешавад, ки дар он озодиҳои инсонҳо саркӯб шуда, донишу истеъдод ва улуми табииву технологӣ рушд намекунанд ва мардумони ин кишварҳо дар ҳолати фақирӣ қарор гирифта, бозору дӯкони кишварҳои пешрафта мегарданд.
Қарни XXI тафовути бузурге аз қарнҳои пешин дошта, дар радифи рушди босуботи воситањои ахбори омма ва ҷаҳони локалии интернет хатарҳое ба миён меояд, ки дар фазои фаромиллӣ ва сартосарӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои махсуси экстримистӣ бо истифода аз касифи маорифи динӣ, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва набудани ҳувияти меҳанпарасатӣ ва мавҷуд будани таассуб ва ҷаҳолати динӣ нақшаҳои разилона роҳандозӣ мешавад.
Аз ин рӯ, дар шароити бархурд, таҳаввулот сиёсати геопалитикии Ғарб ва кишварҳои пуштибони фирқаҳои бемазҳабӣ ба вижа ваҳҳобӣ - салафӣ дар симои Қатару Қувайт, Саудияву Дубай, низоми мазҳабии Эрон ва пуштибонии он аз гурӯҳҳо ва ҳизбҳои вижагиҳои динидошта ҳангоми равобити иктисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таақул кард ва ба ҳар падида ба айнакӣ манофеи миллӣ бояд нигарист.
Бобоҷон МУҲАММАДЗОДА, омузгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД 12:02ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ХУДСОЗИВУ ВАТАНДОРӢ 11:57ШУТУРМУРҒПАРВАРӢ ДАР ШАҲРИТУС: 11:52БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 15:00ҶАВОНОН САРМОЯИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ 12:08ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
РИШТАИ МЕҲР
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
К И Т О Б Д О Р


