Бойгонӣ

Равнақи кор аз дуои модар аст

  Занон олиҳаҳои ҳусну зебоӣ, офарандагони накҳату накуӣ ва мураббиёни инсониятанд.  Фикр мекунам бо дуои модарони азизу гиромӣ кори мо ривоҷу равна қ ва зиндагонӣ мунаввару пурсафост.
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на қши ҳалкунанда ва мушкилосонкуни занонро дар ҳаёти ҳамарӯза қадр мекунад ва арҷ мегузорад, зеро Сарвари муаззами мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳа қу дуруст ва дар як ҷумла ба фаъолияти занон – модарони азиз баҳои муносибу арзанда додаанд, ки  “Зан – модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад”. 
Агар ба таърихи корномаҳои фарзонафарзандони миллат назар андозем, мебинем, ки онҳо дар ҳама маврид танҳо бо дуои соҳибзафар гардидаанд.
Маҳз дуои неки модари азизи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар ҳама ҷодаҳо, чӣ ҳангоми рафтан ба сари сангарҳо, чӣ зимни гуфтугузорҳои ҷиддии сиёсӣ, чӣ мавриди набардҳои идеологиву чӣ лаҳазҳои ҳимояи манофеи милливу мардумӣ ӯро пуштибон, муҳофиз ва    роҳнамо буд.
 Занон бо дасту нияти пок, аз таваллуд то замони камолот мисли кулолгари ҳунарманд бо дасту панҷаи зебоиофар, бо силиҳои меҳрафзун ва назофату нозпарвариҳои ҳамарӯза аз колбади хому сараи мо инсони комилро тарбият ва ҳосил мекунанд. Бешубҳа, дар камолоти инсонҳои наҷибу чеҳраҳои шинохта маҳз на қши дастони гарму пурмеҳри занон зиёд эҳсос мешавад.
  Аз ин ҷост, ки донишмандону ҳакимони олам маҳз Зан- Модарро устоди тамоми нобиѓаҳову шоирону олимону хунёгарони бузурги дунё донистаанд, ки барҳа қ аст. Ин аст, ки барои модарон ҷойгоҳи  қудсиву аршӣ- баробар ба Ватанро муносиб донистаанд.
Манзалату ҷойгоҳи Модар аз қадим барои мо, мардумони ориёинажод му қаддаст буду ҳаст. Устураҳои  қадим гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳатто шоҳаншоҳони ориёӣ ҳангоми додхоҳӣ ва  қабули мардум назди Модар нишастанро ба худ раво намедиданд ва зимни ворид шудани модаре ба дарбор рост истода, ҳоҷати ӯро баррасӣ ва бароварда менамуданд.
 Баҳои бузургтар ба зан аз баҳои додаи Паёмбари Ислом, ки “Биҳишт зери  қудуми модарон аст” мавҷуд нест, ки Мавлоно Ҷомӣ  онро хеле содаву равон ва таъсирбахшу дилнишин ба риштаи назм кашидааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери  қудуми Модарон аст.

Агар ба маҳсули эҷоди бузургону фарҳангофарони тоҷик аз аҳди бостон то ба даврони исти қлолият руҷуи сатҳӣ намоем ҳам, дарк хоҳем кард, ки дар ҳеҷ адабиёте, дар ҳеҷ фарҳанге Модар ба ин бузургиву  қиммат васфу ситоиш нашудааст. Зеро мардуми мо ҳамеша ба бузургию манзалати Зан-Модар арҷ мегузоштанд ва мо дар боло ба ин ну қта ишора кардем. 
Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки новобаста аз мав қеи иҷтимоиву савод муаллиму омӯзгори аввалин мо Зан –модар маҳсуб меёбад. Ва рисолати аз ҷониби Худованд ба шонаҳои ӯ вогузошта пеш аз ҳама ба роҳи рост ҳидоят ва тарбияи дурусти фарзанд, ташаккули шахси комилу фозил дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз аллаҳои модар ба мо нишоту сурури зиндагӣ бахшида, бо дастони нарму пурмеҳр сила намудани сари мо балогардону ҳимоят аз ноомадҳо, дастони кушодаи бо умед боло бардоштаи онҳо роҳнамову такягоҳи зиндагии мост. 
Заҳмат, талош ва манзалати занонро арҷ гузошта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд:  «Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад».
Боиси шодмонист, ки Таҳминаву Гурдофарид, Рухшонаву Бурондӯхт, Томириси  шуҷоъ, Зебуннисову Робиаи Балхӣ  ва садҳо бонувони дигар дар ҳама давру замон дар баробари мардон бо шуҷоату диловарии худ аз фарҳангу якпорчагии Ватани хеш дифоъ мекарданд ва шарафмандем, ки ин рисолат идома ёфта, аз ҷониби  қаҳрамонмодарони даврони мо- Низорамоҳ Зарипова, Бӯринисо Бердиева, Шарифамои Кишвардухт, Ойгул Муҳаммадҷонова, Адолат Раҳмонова ва садҳо дигарон идомаи манти қӣ пайдо намуда,  дар тарбияи меҳанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон на қши муҳим дорад. 
     Ҳамчунин вилояти Хатлон бо чеҳраҳои намоёни илму маърифат, сиёсату иҷтимоъ, мудофиаву адлия ба мисли Гавҳарбӣ Пиракова, аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева, Хосият Вализода, Зайтуна  Қаландарова, Зайнаб Саидова, Адолат Раҳмонова, Зарина Юсуфова, Табассум Таѓоева,  Қиматгул Рустамова, Раъно Каримова, Ру қия  Қурбонова, Махфират Хидирзода, Тоҷинисо Маҳмадова, Раъно Раҳимзода, Гулчеҳра Соди қова, Сурайё  Қосимова ва чанде дигарон ифтихор мекунад, ки дар рушду такомули ҷомеаи имрӯза ва тарбияи насли наврас арзанда мебошад.
Бисёр рамзист, ки Рӯзи модар дар баробари фаро расидани мавсими эҳёи зиндагӣ, фасли зиндашавии табиат, арӯси сол баҳори гулбасар ба иҳотаи мо меояд. Ин беҳуда нест ва як рамзи гӯё аз му қаддасии занон, аз сиришти поку мубораки модарон, аз ниҳоди поку андешаи дунёофарии онҳо мебошад. Ин аст, ки дар арафаи ин ид тамоми мардум бо як дилгармиву муҳаббати беинтиҳо аз дигар маврид бештар аз муҳаббату навозиши Зан- Модар сухан мегӯянд ва ҳар яке мехоҳад нотакрору самимӣ дар ин саб қати изҳори миннатдорӣ пешгом бошад. Зеро эҳсоси гармии рӯзгор аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва мо ин идро дар баробар бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор мебахшад, таҷлил менамоем.
Пешвои муаззами миллат изҳор кардаанд: “Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад”.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик бо занону духтарони зебову зебоипараст, гулдасту тозакор, озоду озоданажод, боиффату боодоб, муборизу шуҷоъ, одилу ҳа қпараст, соҳикасбу ҳунарманд дар ҷаҳон номи худро ба некӣ машҳур кардааст. 
Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат Ма қомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ барои болобурди манзалати занону бонувон дар тамоми соҳаҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо талоши пайваста зоҳир менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки  6 нафар бонуи хатлонӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони хал қи вилояти Хатлон,  343 нафар вакили Маҷлиси вакилони хал қи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар занон вакили маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Бояд ҷавобан ба тадбирҳои андешидаи Пешвои муаззами миллат дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ободонӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоию и қтисодии вилояти Хатлон, бахусус дар самти рушди фаъолияту зисти занону бонувон бояд ки ҳар як фард, бахусус занони шарафманди Хатлонзамин бо ташаббускорию масъулиятшиносиашон пешоҳангу намунаи ибрат бошанд.

Фирӯза ШАРИФӢ, муовини раиси вилояти Хатлон,
номзади илмҳои иқтисодӣ 

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019