Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - МАРОМИ ПЕШВОИ МО
“Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Мусоҳибаи ходими маҷаллаи “Сафо” оид ба ҳифзи пиряхҳо бо Файзиддин Қувватов, номзади илмҳои география, устоди кафедраи экологияи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Чанде пеш ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ пазируфта шуда, соли 2025 –Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 –уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардид. Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа аҳамияти ин ибтикорро дар пешгирӣ ва ҳалли яке аз масоили муҳими ҳифзи муҳти зист чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Ҳифзи муҳити зист аз ҳар мушкилии дигари иқтисодию иҷтимоӣ муҳимтар аст. Зеро дар табиат унсурҳое мавҷуданд, ки бе он инсоният зиндагии осоишта дошта наметавонад. Об ва манбаъҳои обӣ яке аз муҳимтарини он мебошад, ки барои кулли башарият зарур аст. Аз ин лиҳоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста бо дарки ин мушкилоти умумихалқӣ бори панҷум аст, ки вобаста ба об, захираҳои табиӣ ва ҳифзи пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, таваҷҷуҳи оламиёнро ба ҳалли ин масоил ҷалб менамоянд.
Боиси хушҳолӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим эътироф гаштааст. Пазируфта шудани пешниҳоди кишвари мо оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар собит сохт, ки тоҷикон дар баробари пешбурди ҳаёти босуботи худ ҳамчунин дар ҳалли мушкилоти мардумони дигар кишварҳо на танҳо шарик, балки пешгому ташаббускоранд.
Бо назардошти ин 14-уми декабри соли 2022, Маҷмааи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзо қарор оид ба “Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо” қабул кард. Тавре гуфта шуд аз ҳисоби манбаъҳои захиравии фонди мазкур ба мамлакатҳои дунё ва давлатҳои алоҳида, ки дар самти дастрасӣ ба ҳифзу нигоҳдошти пиряхҳо ҳамчун манбаи захираҳои обӣ эҳтиёҷ доранд, кумакҳо роҳандозӣ шуда, барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштарак андешида мешавад.
Раванди тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба шумор меравад, чӣ тавр таъсир мерасонад?
Тағйирёбии иқлим ва таъсири ҷараёни он ба муҳити зист имрӯз муҳимтарин масъалаи экологӣ дар тамоми дунё гаштааст. Сол то сол болоравии ҳарорати ҳаво боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо шуда, аллакай пайомади он дар бархе гӯшаву канори сайёра ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Давоми 50- 60 соли охир масоҳати як қатор пиряхҳои кишварамон кам гардида, ин раванд имрӯз босуръат идома дорад. Аз рӯи маълумоти коршиносон, масоҳати умумии пиряхҳо дар Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 60 фоизи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябри соли 2017 зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла калонтарин пиряхи Тоҷикистон- Федченко изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки солҳои охир пиряхи мазкур қариб 11 километр масофа ва ҳаҷми худро дар масоҳати 2 км мукааб гум кардааст. Гармшавии иқлим ҷараёни обшавиро тезонда, ҳар сол аз 10 то 15 метр масофаи ин пирях кӯтоҳ мегардад. Ҳамзамон, дар баъзе аз минтақаҳо он ба пиряхҳои алоҳида табдил ёфта, боиси босуръат обшавӣ ва ташкили кӯлҳо мегардад, ки албатта, чунин табдилёбӣ эҳтимолияти рахнашавӣ ва обхезиро ба вуҷуд меорад. Манбаи оби фаровон дар навбати аввал агар боришоти зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар пиряхҳост, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (куҳна) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.
Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқи обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, зеро аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин мушкилотро изҳор доштаанд, аз ҷумла зимни суханронӣ дар моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи онлайнии Маҷмааи Умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор низ дар ин бора гуфта буданд.
«Имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд». Сарвари давлат ҳамчунин аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
«Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон — пиряхи Федченко, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Коршиносон обшавии босуръати пиряхҳоро пурхатар номида, мушкилоти норасоии оби ошомиданиро яке аз паёмадҳои ногувори он медонанд. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, оё метавонад ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ гардад?
Дар қаламрави Тоҷикистон тайи 30 соли охир аз 14 ҳазор пирях як ҳазори он ба пуррагӣ нобуд шудааст. Баландшавии ҳарорати ҳаво ба 2-3°С ҷараёни таназзули яхбандиро пурзӯр мегардонад. Тибқи пешгӯиҳои олимон, бо таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳазорҳо пиряхҳои хурд гум мешаванд. Масоҳати тамоми яхбандиҳои мамлакат ба 20 дарсад кам шуда метавонад. Дар давраи ибтидоӣ ба обшавии пиряхҳо, ба зиёдшавии обхезӣ мусоидат намуда, аз ҷумла камшавии оби дарёҳои дигарро ҷуброн мекунанд, баъдан камшавии об дар аксари дарёҳо ба миён меояд.
Тибқи пешгӯии олимон Тоҷикистон кишварест, ки обшавии пиряхҳо бо суръати баланд дар он ба назар мерасад. Албатта, ин омил нигаронкунанда аст ва тадбирандешӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо масъалаест, ки ҳалли саривақтиро талаб менамояд. Зеро бо шарофати пиряхҳои мамлакатамон ва обҳое, ки тамоми фасли сол аз онҳо ҷорӣ мешаванд, ҳазорҳо гектар дашту саҳро ва биёбонҳо дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Миёна шодоб мегарданд. Дар сурати нагирифтани пеши роҳи суръат обшавии онҳо дар солҳои оянда барои кишварҳои поёноби минтақа танқисии норасоии об ба миён меояд.
Бо мақсади ҳифзи пиряхҳои ҳудуди кишвар барномаву стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расида, дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфтааст. Дар баробари чунин тадбирҳои Ҳукумати мамлакат шаҳрвандон чӣ гуна метавонанд дар ҳифзи пиряхҳо ва манбаҳои обӣ саҳмгузор бошанд?
Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2030» қабул гардида, дар заминаи тадбиқи амалии он аз хатари босуръати обшавии пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода шуд.
Таҳияи чунин як барномаи ҳаётан муҳим аз лиҳози аҳамиятнокӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ногузир буд, зеро бар асари гармшавии иқлим дар чанд соли охир пиряхҳои Тоҷикистон ҳудуди сеяки худ, яъне 30 фоиз масоҳаташонро аз даст дод ва ин мавзӯъ дар сатҳҳои баланди давлатию созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиши бештар қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба он равона гардидааст, ки захираҳои табиӣ самаранок истифода бурда шуда, муҳити зист хуб ҳифз карда шавад. Агар мо имрӯз сарфакорӣ накарда, қадру қимати неъматҳои табиатро надонем, фардо барои наслҳои оянда мушкилоти зиёде пеш меоянд. Аллакай, ин мушкилот дар мисоли ҳавои ифлос, дастрасӣ надоштан ба оби ошомиданӣ ва ғизои солим, ки боиси нигаронӣ ва нороҳатии одамон гардидааст, дар як қатор кишварҳои олам ба назар мерасанд.
Мутаассифона, бисёр омилҳое ҳастанд, ки аз беаҳамиятӣ ва хунукназарии одамон ба вуҷуд омада, сабаби босуръат обшавии пиряхҳо, ифлосшавии сарчашмаҳо ва ҳодисаҳои нохуши табиӣ мегарданд. Барои ҳамин ҳам ҳар яки мо бояд бо маърифати баланди экологӣ нисбат ба ҳифзи муҳити зист муносибат намуда, чашма, ҷӯйу канал ва кӯлу дарёҳоро тоза нигоҳ дорем.
Амонҷон Маҳкамов
“САФО”

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД