Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
13 фев 11:03Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақолаҳо
БАРРАСИИ ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ПАЁМ
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои пешин мавзӯи таҳдидҳои глобалӣ, бахусус экстремизму терроризм ҳамчун мавзӯи меҳварӣ ва аввалиндараҷа ҷойгоҳ ва тобиши махсусро соҳиб буд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва эътибори махсуси Сарвари давлат ба ин масъала далолат мекунад.
Бояд дарк кард, ки дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шудааст, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.
Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: “Имрӯзҳо равнадҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.”
Экстремизм ва терроризм инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд ва решаҳои хеле чуқур доранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро амалӣ созанд ва дар ин зимн, мутаассифона, одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.
Махсусан, ибтидои садаи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ ба худ касб намуданд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави терроризм ва ифротгароӣ, бахусус бо истифода аз номи дин ва истилоҳи нави “ифротгароии динӣ” ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон метавонанд ба амалиёти калони ҷангӣ баробар бошанд.
Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ин ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.
Бояд хуб дарк кунем, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад.
Аз ин рӯ, ҳар як шахси ватандӯстро лозим аст, ки дар баробари ниҳодҳои қудратӣ ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задан ба амалҳои террористӣ талоши ҷиддӣ дошта бошад. Зеро мо аз дигар мардумони кишварҳои пасошуравӣ дида хатару зарари ин ваборо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар пӯсти худ эҳсос кардаем.
Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.
Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30–сола наздики 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар мадди назар аст.
Мутаассифона, ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус ҷавононро хатари гаравиш ва ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ таҳдид карда истодааст. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки мардуми тоҷик, ки пайомадаш аз оѓози таърих буда, нахустгаҳвораи тамаддуни башарӣ дониста мешавад ва фарҳангу оинаш барои дигар ақвому мардум мавзӯи омӯзишу таҷриба буда, аз худ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим дарак додааст, бо ин бало ва вабо чаро рӯбарӯ шуд?
Пеш аз ҳама бояд дониста бошем, ки тарѓиби эктремизму терроризм аз ҷониби давлатҳои абарқударт ҳамчун василаи анҷоми нақшаву ниятҳои геосиёсӣ роҳандозӣ гардида, ҳамчун роҳу воситаи расидан ба ҳадафҳо ва ба даст овардани манфиатҳои моддиву маънавӣ истифода мешавад, ки миёни ин кишварҳо бархӯрди манфиатҳоро ва дар ниҳоят бархӯрди тамаддунҳоро ба вуҷуд оварда истодааст.
Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, кишвари мо дар роҳи мубориза бо экстремизму терроризм бо гомҳои устувор пеш меравад: “Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмиллалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромилӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ... саҳми босазо хоҳад гузошт.”
Албатта, ҳар як иделогия дар ҷое рӯ мезанад, ки он ҷойгоҳ холӣ бошад. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ мардуми кишвари мо, ки вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буда, арзишҳои мазҳаби худро дар даврони давлатдории шуравӣ бо ҳасрати чандинсола ва интизории озодии бештари эътиқодӣ эҳтиёт карда меомад, баъди пош хӯрдани сохти давлатдории коммунистӣ барои барқарор кардани унсурҳои мазҳабии худ бо ҳирсу сарсемагӣ шитобиданд. Бо пайдо шудани чунин ҳолат душманони миллату дин тавонистанд аз ин хало ба манфиати худ истифода бикунанд ва бо номи дину мазҳаб миёни мардум тафриқа андозанд ва таҷрибаи истифода аз эктремизми динӣ ва хурофотпарастии мардумро дар кишвари мо амалӣ намоянд.
Паҳлуи дигари масъала он аст, ки бо расидан ба даврони соҳибистиқлолӣ худшиносии миллии аксари кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус мардумони Осиёи марказӣ, ки дар сар танҳо сохтори давлатдории сирф миллӣ дар заминаи таҷрибаи таърихии худро доштанд, хеле боло рафт. Мусаллам аст, ки омили динӣ дар ин маврид мавқеи меҳвариро касб намуда, ҳатто ба нишонаи асосии ҳувияти миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ мубаддал гашта буд. Боиси зикр аст, ки дар он замон сиёсатмадорони давр низ аз ин раванд дастгирӣ ва ё хомӯшона онро эътироф намуда, ба равнақи эҳёи анъанаҳои динӣ мусоидат мекарданд. Кор то ҷое расид, ки мавқеи рӯҳониён аз мавқеи роҳбарони кишвар баланд шуда, ҳамакнун дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯҳониёни мусулмон на танҳо даъвои ҳокимияти динӣ, балки ҳокимияти сиёсиро низ мекарданд.
Ҳамин буд, ки баъди истиқлолият касб кардани Тоҷикистони азиз ин неруҳои аҳриманӣ бо вуҷуди расидан ба озодии пураи виҷдон ва иҷрои маносики исломӣ мардумро ба низоъҳои мусаллаҳона кашиданд ва ба террори нафароне, ки низоми одитарини давлатдории эълоншудаи Тоҷикистонро хостору тарафдор буданд, шурӯъ карданд. Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки хисороти азимро болои мардуми кишвар оварда, ҳазорон тан куштаву ҳазорон тан бесарпаноҳу ятим гардиданд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ аз ин варта берун оварда шуда, ба мардум низоми осоиштаи зиндагӣ, таъмини сулҳи сартосарӣ эҳдо карда шуд, боз ҳам неруву доираҳои бадхоҳ имрӯз низ хостори бенизомиҳо бо истифода аз номи Ислом гашта, ҷавонони ноогоҳу камтаҷрибаро ба доми гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ ҷалбу ташвиқ карда истодаанд. Ба ин кор чандин омил сабаб шуда метавонанд, ки инҷо мехоҳам чанде аз онҳоро номбар намоям.
Пеш аз ҳама надоштани маърифати дунявиву динии анъанавӣ, риоя нагардидани идеяҳои низоми давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ дар маҳал, огоҳии нокифояи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафу мақсадҳои ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, маблаѓгузории густурдаи ин ташкилотҳо аз ҷониби муассисон ва ё ҳаводорони хориҷии худ, ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ ва ба вуҷуд овардани норзигии мардум, нодуруст истифода бурдани шабакаи интернетӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, раванди нокифояи касбомӯзӣ ва омодасозии пеш аз муҳоҷирати ҷавонон ва ѓайра.
Гузашта аз ин, бо доштани як фарҳанги бою пурѓановат имрӯз масъалаи тақлид ба либосу рафтори бегона, махсусан аз ҷониби ҷавонон ва занон ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал гаштааст. Бояд дарк кард, ки тақлид ба либосҳои сиёҳу сатру ҳиҷоб қадами аввалест, барои гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ. Тоҷикон беш аз 1000 сол аст, ки мусулмонанд. Аҷдодони мо анъанаҳои фарҳангии худро бо вуҷуди забткориҳои зиёд дар масири таърих нигоҳ дошта омаданд ва ба мо чун намунаи беҳтарини ахлоқу маданият ба мерос оварданд ва акнун моро лозим аст, ки онро поку беолоиш ба фарзандону пайомадон бисупорем.
Бояд дуруст дарк намоем, ки бо вуҷуди амалисозии тадбирҳои мушаххас аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии гаравишу ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, гирифтани пеши роҳи фаъолияти онҳо дар кишвар наметавон мафкураи кулли ҷомеаро тағйир дод. Ҳар кадоми мо масъулем, ки дар ҳамбастагӣ ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, то саргаҳи шоҳроҳи мунаввари ваҳдат онҳоро ҳамроҳӣ намоем.
Ҳар яки моро лозим аст, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тарѓиби фарҳанги бегона, хиёнаткориву бадгуӣ нисбат ба сарзамини пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем. Нангу номуси ватандорӣ ҳифз кунем, мардумро ба меҳнати осоиштаи бунёдкорона ҳидоят намоем.
А. Файзализода

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД