Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ ШИНОС ШУДАНД
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринологияи вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Бохтар бунёд гардида истодааст, боздид намуданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи нақша идома дошта, мутахассисону сохтмончиён барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳо талош доранд.
Масоҳати сохтмон 874,30 метри мураббаъ, масоҳати умумии бино 2820,60 метри мураббаъ ва ҳаҷми умумии сохтмон 11963,50 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Хизматрасонии сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун пудратчӣ амалӣ намуда истодааст.
Гуфта шуд, ки бунёди ин муассисаи тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг ва ҳамчунин бемориҳои эндокринологӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилояти Хатлон пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи талаботи сифат ва меъёрҳои сохтмонӣ суръат бахшида шуда, иншоот дар соли ҷорӣ пурра ба истифода дода шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи мазкур барои сокинони вилояти Хатлон шароити боз ҳам беҳтари ташхису табобат фароҳам оварда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД




