Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳар сол 15-уми май таҷлил мегардад, як рӯзи муҳим барои ёдоварӣ аз нақши оила дар ҳаёти инсон ва ҷомеа мебошад. Ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи масъалаҳои вобаста ба оила ва таҳкими арзишҳои оилавӣ дар ҷомеа таъсис ёфтааст.
Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, дар замони соҳибистиқлолӣ ва марҳилаи навини давлатдориамон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оила ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ эътироф гардида, бунёди ҷомеаи солим, ки аз устувории оила маншаъ мегирад, аз ҳадафҳои муҳими пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар ҳақиқат оила яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин қисмати ҳаёти инсон ба ҳисоб рафта, дар рушду устувории он дар баробари ҷомеа ва давлат ҳар фард низ нақши муассир дорад.
Маврид ба зикри хос аст, ки оилаи солим аз муҳаббати поку беолоиш ҳамдигарфаҳмиву садоқат ба якдигар сарчашма гирифта, гуфтору хулқу атвори накӯкоронаи инсон асоси пойдории оила ва фароҳам гардидани муҳити солиму созанда дар он аст.
Оила аввалин ва муҳимтарин ниҳоди иҷтимоии инсон аст. Он на танҳо муҳити муҳаббат ва дастгирист, балки макони тарбияи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии фарзандон мебошад. Дар оила инсон аввалин арзишҳо, одоб ва фарҳангро меомӯзад, ки дар тамоми ҳаёти ӯ таъсир мегузорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, давлат ва Ҳукумат ҷиҳати иҷрои муқаррароту уҳдадориҳои худ дар самти танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, таъмини зиндагии шоиста ва муҳайё кардани шароити созгори иҷтимоӣ барои оилаҳои ҷавон пайваста талош меварзанд.
Рӯзи байналмилалии оила на танҳо як рӯзи таҷлилист, балки як имкони хуб барои ёдоварӣ аз нақши муҳим ва муқаддаси оила дар ҳаёти инсон ва ҷомеа мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба қадри оила, муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмии байни аъзои он расем ва барои пойдории оилаҳои солим ва хушбахт кӯшиш намоем.
Бо умеди расидан ба орзуву ҳадафҳои пешгирифтаамон Рӯзи байналмилалии оиларо ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз муборак бод гуфта, бароятон рӯзгори орому осоишта, иқболу сарбаландӣ ва хушбахтиҳои беназир таманно дорам.
Сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Хатлон Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



