Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТУҲФА БА ҶАНОБИ ОЛӢ.
Дунёбегим аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳия, ки ба муносибати ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, бо як ҷаҳон шодию сурур ва розӣ аз ҳунари хеш баргашт. Чӣ тавр хурсанд набошад, ки ба ҳунари чакандўзии ў Сарвари давлат таваҷҷуҳи хосае зоҳир намуда, ба вай ташаккури зиёд гуфт. Он рўз Дунёбегим дар пеши худ шахсеро дид, ки тамоми муваффақияту комёбиҳои ин Ватани амсоли биҳишти рўйи замин гардида, ба ҷидду ҷаҳду талошҳо ва сиёсати хирадмандонаи ў вобаста аст. Шахсеро дид, ки ин ҳама оромию сулҳу ваҳдатро ба миллат овардааст. Дар қалби апаи Дунёбегим нисбат ба ин бузургмард, ки ба санъати аҷдодии аз нав эҳёшуда таваҷҷуҳи хоса дорад, меҳри модарӣ пайдо гардид. Аз даҳҳо тоқиҳои гуногуннақш, ки бо санъати баланд дўхта буд, се тоашро гулчин карда, бо як миёнбанди ба нияти тўйи ҷавоне бо сад ранг наққошӣ кардааш ҷудо намуда, ҷуръат карда:
-Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман ин тоқиву миёнбандро бо орзуи калон дўхтаам. Ба нияте дўхтаам, ки дар тўйи фарзандоне кор биёянд, ки зодагони даврони истиқлол мебошанд. Ҳамчун модар ман онҳоро ба Шумо аз самими қалб туҳфа мекунам ва орзу мекунам, ки дар рўзи тўйи фарзандону набераҳоятон тантанаи онҳоро ҷилои тоза дода, хушбахташон гардонад.
Ҷаноби Олӣ туҳфаҳои апаи Дунёбегимро, ки дар онҳо саду як манзараҳои дилрабои кишвари ҳамешабаҳорамон мунаққаш шуда буданд, бо мамнуният қабул намуда, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дунёбегим зодаи деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. Мардумони кўҳистон аз азал эҳёгари ҳунарҳои мардумианд. Ҳамон ҳунарҳое, ки дар давоми зиёда аз ҳафтод соли ҳукумронии ҳизби коммунист ҳамчун нишонаҳои хурофотпарастӣ мамнуъ эълон шуда буданд. Аммо ин ҳизби пештоз, ҳатто аз гўшаи фикраш намегузаронд, ки дар ин мавридҳо барҳақ «агар гузаштаро надонӣ, ояндаро сохта наметавонӣ» гуфтаанд оқилон. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардум аз анъанаи неки гузаштагони худ дил кандаву ҷудо шуданӣ набуданд. Устоҳо кори худро мекарданду занҳо санъати дўзандагии аҷдодони соҳибҳунари худро идома медоданд. Модари Дунёбегим холаи Азизбегим бо ҳунари волои худ- чакандӯзӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон ном бароварда буд. Чун дар тӯйю маъракаҳо дар куртаҳои занону духтарон, дар тоқиҳои домодҳо санъати нотакрори чакандӯзӣ ва гулҳои бо сад ранг ҷило медодагиро медиданд:
Ин чаканҳои зебдиҳандаи маъракаи имшабаи арӯсу домодӣ маҳсули дастони сеҳрофари апаи Азизбегиманд, танҳо ӯ метавонад бо сӯзан даҳҳо намуд нақшҳои зебою дилрабояндаро дар рӯйи матоъ кашидадӯзӣ намояд,- бо ифтихор мегуфтанд бинандагон.
Дунёбегим ана дар ҳамин муҳити ба санъати олии дӯзандагӣ созгор ба камол мерасид. Ҳанӯз ҳангоми дар мактаб хонданаш бо ҳидояти модари чирадасташ бараш нишаста, ҳам меомӯхту ҳам худаш шогирдона гулҳои гуногуни модараш дар матоъ кашидаро медӯхт. Мактабро тамом накарда, аллакай њамчун талабаи пешқадам ва чевари наврас дар озмунҳо иштирок мекард. Бо дархости духтарони ҳамсинфаш куртаи чакан ва ба бачаҳои синфашон тоқиҳои ба сад ранг медӯхт.
Ҳунар омили пешбурди рӯзгор асту ҳам мояи ифтихор аст. Ба хусус, ҳунари чакандӯзӣ касби ифтихории авлодии мост. Ёд дорам, ки чӣ гуна бонувони хонадони мо шабҳо то поси шаб пеши сиёҳчароғ давра нишаста, сурудхонон курта ё чодари арӯсӣ медӯхтанд. Дари хонаамон аз дархосткунандагон мудом серодам буд. Онҳо бо умед ба хонаи мо меомаданд. Яке барои арӯсии духтараш курта дархост мекард, дуюмӣ барои писари домодиаш тоқиву миёнбанд. Сеюмӣ бошад, чодари арўсии фармудаашро дида, ба бонувони хонадон изњори сипосу миннатдорӣ мекард. Мо бошем баробари онҳо шодӣ мекардем.
Акнун боди рӯҳбахши озодию истиқлолият Тоҷикистонро ба оғӯши гарму форами худ кашид. Замона дигар шуду заминҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ тақсим мекарданд. Дунёбегим бошад пайи касби авлодӣ шуда, дар муддати кӯтоҳ бо дастони зебоиофару ҳунари нотакрораш ном баровард. Боз чун айёми қаблӣ хонааш серодам шуд. Бо ҳамроҳии келинаш Миҷгона, духтараш Ҳадиса, наберааш Муниса, ки ин касбро ба онҳо омўӯхта буд, дархости муштариёнашонро иљро мекард. Санъати олии дӯзандагиашро ба назар гирифта, барои ба дигар духтарон омўзондани ин касби аҷдодӣ дар Ҷамоати ба номи С. Турдиев курси махсуси чевариро созмон доданд. Дунёбегимро ҳамчун чевари гулдаст муаллимаи духтарон таъйин намуданд. Давоми ду моҳ ба бист нафар духтарони хонанишин санъати гулдўзӣ ва чакандӯзиро омўзонда, онҳоро соҳибкасб намуд.
Дунёбегим аз касби азхудкардааш ифтихор дорад, ки панди модарро гӯш карда, касби аҷдодиашонро ривоҷу равнақ дода, дар ин ҷода шуҳратёр шуд.
Абдуҳалим Салимзода,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


