Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳар рӯзи мо Рӯзи Мавлоно бошад
Нахуст оид ба таърихи таъсиси ёфтани Ташкилоти ҷамъиятии Маҳфили илмӣ-адабии «Бонги най» «каме маълумот медодед?
- Ташкилоти ҷамъиятии Маҳфили илмӣ- адабии «Бонги най» се сол боз фаъолият дошта, қароргорҳи он ду сол пеш дар назди МТМУ № 9-и Ҷамотаи деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таъсис дода шуда буд. Инак бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ин маҳфил имрӯз дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар фаъолият дошта, рӯз аз рӯз теъдоди бештари мухлисони Мавлоноро дар шаҳри Бохтар ҷамъ меоварад. Давоми солҳои 2019-2022 бо ташкилу баргузории Маҳфили маснавихонӣ ва баргузории 3 конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи аъзои Маҳфил ба 1100 нафар расидааст. Айни замон дар назди маҳфили мо дар шаҳри Бохтар 3 гурӯҳ иборат аз 66 нафар машғулиятҳои илмӣ адабӣ гузаронида мешавад. Дар арафаи Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Конфронси байналмилалии «Мавлоно муршиди ваҳдат ва тамаддунҳо» дар китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳузури олимони риштаи мавлоношиносӣ аъзои Маҳфили адабии «Бонги най» низ дар мавзӯи «Оташе дар бешаи андешаҳо» баромад намуданд. Бояд гуфт, ки ин мавзӯъ пурра ба он вохӯрии таконбахши Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо Шамси Табрезӣ бахшида шудааст.Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо маҳсулиэҷодии пурғановати худ аз пурмаҳсултарин адибони натанҳо адабиёти классикии тоҷик, балки кулли дунёст.Дар баробари асарҳои бузургу машҳуру мондагори ӯ «Маснавии маънавӣ» аз пурарзиштарин офаридаҳои ӯст, ки бо мазмуни баланду маъниҳои пурмуаммои худ тӯли 800 соли таърихи башарӣ аз серхонандатарин асарҳои олам эътироф шудааст. Мазмуну муҳтавои сермаънои ин асари безавол, ки онро бузургони адабиёт ҳамчун «Қуръон» дар забони паҳлавӣ бишмурдаанд, дар ҳама давру замон мавриди таваҷҷуҳи донишмандону пажӯҳишгарони дунё қарор дошта, маҳз бо шарофати ин асари пурмазмун дар саросари дунё марказҳои бузурги илмии мавлоношиносӣ таъсис ёфтаву «Маснавӣ» ҳамчун асари рӯимизии аҳли илму адаб дар ташаккули афкору маънавиёти инсоният нақши ниҳоят муҳим мебозад.
Сайҳомуддин Назруллоев, раиси Ташкилоти ҷамъиятии Маҳфили илмӣ-оммавии «Бонги най» аз мухлисони ин орифи бузург ба ҳисоб рафта, дар самти муаррифии асару ғазалиёти мутафаккири барҷаста ва ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба мутолиаи «Маснавии маънавӣ» хизматҳои шоёне анҷом дода истодааст. Дар арафаи Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ суҳбате доштем бо мухлиси Мавлоно, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
Ҳамчун як мухлиси асили ашъори Мавлоно оид ба моҳияти таблиғу ташвиқи ашъори Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷалби ҷавонону дигар толибони каломи бадеъ ба маснавихониву мавлавишиносӣ чӣ андеша доред?
-Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як рамзи ирфонии дунё ба ҳисоб рафта, ашъори ӯ бахусус, «Мас-навии маънавӣ»-ро ҳамчун асари серхонандатарин дар саросари дунё мутолиа намуда, мавриди омӯзиш қарор додаанд. Тавре ки ҳампешагони мо аз дигар кишварҳои олам иттилоъ додаанд, чанде пеш «Мас- навии маънавӣ» аз забони англисӣ ба индонезӣ тарҷума гардида, ҳаминак як нусхаи он ба Китобхо-наи миллии Тоҷикистон туҳфа карда шудааст. Бо мурури солҳо нуфузи шуҳрати Маҳфили «Бонги най» аз марзҳои Тоҷикистон ҳам фаротар расида, мо робитаҳои фарҳангиро бо дигар маҳфилу донишкадаҳои мавлоношиносии кишварҳои хориҷ густариш хоҳем дод. Соли гузашта аз Ҷумҳурии исломии Ирон ба мо ду китоби барҷастаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷумла, «Куллиёти Шамси Табрезӣ» ва «Маснавии Маънавӣ»-ро барои мо фиристоданд, ки ин асарҳои пурарзиш бо ҳуруфоти форсӣ аст. Китоби «Куллиёти Шамси Табрезӣ аз 3 ҳазору 222 ғазал, 38 тарҷеъбанд ва 25 мусаммот иборат мебошад. Ҳар кадом аз ин китобҳо дар Ирон 17 ҳазор туман меистанд. Ҳамчунин, барои Маҳфили «Бонги най» ду китоби Маснавӣ аз кишвари Фаронса туҳфа омадааст, ки онро духтари фаронсавии Мавлоно Эва де Витри Майеревич соли 1945 аз туркӣ ба забони фаронсавӣ тарҷума карда буд.
Ин достони адиби фаронсавӣ чӣ ҳикмате дорад, ки ӯро духтари Мавлоно ном мебаранд?
Ривоят мекунанд, ки Эва де Витри Майеревич ҳанӯз дар 15 солагӣ марди нурониеро дар хоб мебинад, ки ӯро Эва (Бибиҳаво) ном гирифта, даъваташ менамояд, ки дини исломро қабул карда, ба зиёрати хонаи Худо азми сафар намояд. Ин бонуи дар хонадони фарҳанги ғарбӣ ба воя расида, баъди ду ҳафта ба порти ҷанубии Фаронса рафта, аз донишмандон маслиҳат мегирад, ки барои шинохти Мавлоно ва «Маснавӣ»-и ӯ бояд ба Туркия сафар намояд. Ҳамин тавр, бонуи Эва де Витри Майеревич боқӣ умри худро сарфи омӯзишу пажӯҳиши ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ намуда, оид ба зиндагинома ва ҷанбаҳои илмиву тарбиявии асарҳои ин орифи Машриқзамин 41 асари барҷаста навиштааст. Соли 2003 духтари маънавии Мавлоно аз олам гузашта, нахуст ӯро дар Фаронса дафн мекунанд, аммо баъдтар мавлоношиносони ҷаҳон ба хулосае омада, ҷасади ӯро ба Куния бурда дар рӯ ба рӯи мақабараи Мавлоно ба хок супориданд. Дар атрофи оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 67 пушти ӯ дафн карда шудааст, ки ин мавзеъ Қубаи ҳазро, яъне Гунбази сабз ба унвони «Ё ҳазрати Мавлоно» ёд мешавад. Дар ин ҷо инчунин, осорхонаи нодир бунёд гардидааст, ки зиёраткунандагони оромгоҳи Мавлоно аз тамошои он баҳра мебардоранд. - Хуб мешуд каме дар бораи нақшаҳои ояндаи ТҶ Маҳфили илми адабии «Бонги най» иттилоъ медодед.
Дар баробари ташкилу баргузории маҳфилҳои адабӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мавлоношиносӣ ҳамчунин, тасмим дорем, ки сарвати бебаҳои Мавлавиро аз дигар мамолики дунё гирд оварда, хазинаи адабии худро ғанӣ гардонем. Баъдан, муаррифии Мавлоно ва эҷодиёти ӯ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа. Зеро бо шинохти ҳикматҳои «Маснавӣ» ва дигар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мардум тариқи худшиносиву аз бар намудани маърифати воло хушбахтиву саодати зиндагиро ноил мегарданд. Яке аз ҳадафҳои дигари мо ин таҳияи филми ҳуҷҷатӣ оид ба ҳаёту фаъолияти Мавлоно мебошад, ки фикр мекунам анҷоми ин ташаббус дар зодгоҳи орифи оламшумул кори неку мондагоре барои башарият хоҳад буд.
Дар мавриди корҳои илмӣ ва асарҳои эҷодии олимону адибони тоҷик оид ба ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чӣ гуфтаниҳо доред?
- Мо даъвои ҳамдиёри Мавлоно будану сатҳи волои мавлоношиносӣ дорем, аммо то кунун ягон нафар аз адибону донишмандони тоҷик дар ин мавзӯъ асари мавриди таваҷҷуҳи оламиёнро ба табъ нарасонидааст. Албатта, месазад аз заҳматҳои устодон шодравон Нодир Одилов ёдрас шуд, ки китобе дар мавзӯи ҷаҳонбинии Мавлоноро бо забони русӣ нашр кардааст. Расул Ҳодизода дар асари худ оид ба ҳикояву афсонаҳои «Маснавӣ» маълумот додааст. Ҳамчун устод Лоиқ дар пайравӣ аз ғазалҳои «Куллиёт»-и Шамси Табрезӣ чанд ғазал навиштааст, ки шоҳбайти мондагораш ҳамеша вирди забонҳост: Алло девони Ҳофиз ҳофизам бошӣ ба ҳар марге, Ало девони Мавлоно маро ту зинда хоҳӣ кард. Шоираи тоҷик Фарзона бошад, дар шеъре оид ба ин мавзӯъ фармудааст: Дари ғафлатпаноҳон боз, лаби гунгон суханпардоз, Халоиқ мавлавихон шуд, Аҷам бедор мегардад. Дар мисоли асарҳои офаридаи донишмандони ҷаҳон атрофи ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавон аз Анамери Шиммен, донишманди олмонӣ ва муаллифи китоби «Шукӯҳи Шамс» мисол овард, ки дар бораи Мавлоно 37 асари илмӣ навиштааст. Ҳамчунин, адиби эронӣ Абдулҳусайни Заринкуб «Сири най», Эдуард Браун, Алан Роналд Никелсон олимони англис ва даҳҳо дигарон дар муаррифии ҳаёту фаъолияти Мавлоно саҳми арзанда гузоштаанд. Зимни сафар ба Ҳиндустон дар марказҳои фарҳангии «Ҳиндустон», «Эрон», «Афғонистон» Маҳфили фарҳангии «Россия» ва Китобхонаи Вишвазадай ба 52 шарҳи «Маснавӣ» ошно шудам. Умуман, осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди омӯзишу пажӯҳишҳои илмӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Хулоса, барои шинохти комили Мавлоно ва асарҳои мондагори ӯ бояд ҳар рӯзи умри мо рӯзи Мавлоно бошад, то ин ки мисли нухбагони дигар миллатҳои олам дар муаррифии ҳаёту фаъолияти Мавлонои бузург саҳми арзанда гузошта бошем. Аз ҷумла, банда ҳам бо таълифи китоби «Бонги най» дар ҳаҷми 470 саҳифа орзу дорам, ки дар солҳои наздик таассуроту сафаровардаҳои худро пешкаши хонандагон намоям.
Мусоҳиб Юсуфи СОБИР

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР