Бойгонӣ
11 май 12:14Мақомот

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, 4 майи соли 2020

Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам сокинони вилояти Хатлон!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маълумоти шумо мерасонад, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд. Аз  ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 гузаронида шуда истодааст.

Шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз дар сатҳи вилояти Хатлон корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ ва безараргардонӣ дар тамоми муассисаю ташкилотҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст.
Мо дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву дорувориро дорем. Ҷойи тарсу ҳарос нест, аммо бо истифода аз фурсат мехостам, ба тоҷирон ва доруфурӯшон муроҷиат намоям, ки аз вазъи баамаломада набояд сӯйистифода намоянд. Беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти озуқа, маводи доруворӣ хилофи арзишҳои башардӯстона буда, боиси ба миён омадани нофаҳмӣ дар миёни мардум ва касод шудани буҷаи оилаҳо мегардад.

Шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ метавонанд ба Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (CОVID-19) тариқи телефонҳои боварӣ (8 3222 2-44-78; 8 3222 2-22-73; 918-81-27-41) муроҷиат намоянд.
Фаъолияти бозору фурӯшгоҳҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар сохторҳои иҷтимоӣ  таҳти назорат қарор дошта, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Имрӯз тамоми ҷаҳонро вабои нави аср, бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд. Бинобар ин, набояд хотирҷамъу бепарво бошем. Вазъи баамаломада моро ҳушдор медиҳад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа дода, тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро қатъиян риоя намоем.

Дар ин рӯзҳо барои ҳар як шаҳрванд муҳим аст, ки муваққатан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намуда, то ба эътидол
омадани вазъи эпидемиологӣ реҷаи истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббиро риоя кунад. Риояи гигиенаи шахсӣ дар оила (мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда (телефони мобилӣ) ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ), поккории манзили зист ва гирду атрофи он, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадан, махсусан шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан, ба кӯдакон дар давраи таътили муваққатӣ тавсияи хониши китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад.

Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои беморӣ, аз ҷумла ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафаскашии душвор, бемадорӣ набояд ба худмуолиҷа машғул гардид. Дар ин маврид ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат кардан лозим аст.

Ба ҳамаи фаъолони вилоят муроҷиат мекунам, ки ҷиҳати тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми суҳбату мулоқотҳо ба шаҳрвандон аҳамияти корҳои пешгирикунанда, риояи тавсияҳои табибон, зарурати манъи иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодамро шарҳу тафсир диҳанд.

Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, корҳои пешгирӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ яке аз тадбирҳое мебошад, ки имрӯз барои ҳар як шаҳрванд аз ҳарвақта дида заруртар аст.
Муҳимаш, ба таҳлука наафтода, ором бошем, ба овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, ба дастури табибон такя кунем ва алоқаро бо духтурон қатъ насозем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ боиси буҳрони иқтисодию молиявӣ, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷаҳон гардидааст. Аз истеҳсолот дур шудани сокинони сайёра ба норасоии маводи озуқа оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, даъват менамоям, ки ба саломатии худ ва аҳли оила, инчунин ба меҳнатдӯстӣ ҷалб намудани хонавода диққати ҷиддӣ дода, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаро самаранок истифода намоед ва ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда чораандешӣ кунед.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Биёед, якдилона меҳнат кунем ва нагузорем, ки пайомадҳои иқтисодии вабои фарогир ба вазъи таъмини амнияти озуқавории мамлакатамон таъсири манфӣ расонад.
Барои пешгирӣ аз вабои фарогир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомотҳои дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро амалӣ карда истодаанд. Умед ва боварии комил дорам, ки дар муддатҳои наздиктарин ин вабо паси сар мешавад.

Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон бо муносибати бомасъулиятона нисбат ба саломатии худу пайвандон, инчунин ба тозагии муҳити зист аҳамият дода, дар ободонии манзил ва маҳалли худ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳм мегузоранд. Шубҳае нест, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо кӯшиши муштарак аз ин вабо раҳоӣ хоҳем ёфт ва дар якҷоягӣ ба таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва шукуфоии Ватани азизамон ноил хоҳем шуд.
                                                                                                     Раиси вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019