Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Андешаи хос
Ҳамакнун бо мурури солҳо ихтисосмандони соҳа оид ба зарари истифодаи телефон дар дохили нақлиёт, ҷойи хобу дигар мавзеҳои барои алоқа номусоид маълумоти кофӣ расонидаанд. Табибон як сабаби асабонияти аз ҳад зиёди одамон, гирифтори ба иллатҳои фаромӯшхотирӣ, хашму ғазаби бемаврид ва дигар бемориҳои равониро ба истифодаи аз меъёр зиёди телефонҳои мобилӣ рабт медиҳанд.
Мутаассифона, ба ҳама иқдомҳои воқифгардонии шаҳрвандон аз зарари истифодаи бемавриди телефонҳои дастӣ ҳоло ҳам ҷавононеро дучор меоем, ки тамоми рӯз, ҳатто то поси шабҳо аз суҳбатҳои телефонӣ канор рафта наметавонанд. Иддае аз ҷавонон ба ҳадде ба телефонҳои мобилӣ вобастагӣ пайдо кардаанд, ки аз илму донишандӯзӣ ва дигар шуғлҳои судманд дар канор монда, ҳатто дигар барои дидору суҳбат бо аҳли оилаи худ вақт намеёбанд. Зеро одатҳои носолиму идоранашавандаи ҷавонон бо гузашти вақт ба рафтори доимӣ табдил ёфта, онҳоро ба гумроҳӣ мебарад. Ҳамин тавр, мушкили одаткунии насли ҷавон ба телефонҳои мобилӣ аз зарари мавҷҳои мобилӣ дида хатари бештар дорад.
Яъне инсон вобастаи бозию шуғлҳои бемаънии телефонӣ шуда, дидаву дониста худро аз таҳсилу варзиш ва дигар машғулиятҳои ҳаётӣ маҳрум месозад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилиро миёни донишҷӯёну хонандагони мактабҳо бештар муҳокима карда, ҳар чӣ барвақттар наврасону ҷавононро аз зарару окибати он огоҳ созем.
Аз суҳбат бо чанд тан аз ҳамдарсонам чунин хулоса мебарояд, ки истифодаи аз меъёр зиёди телефон ҷавононро фаромӯшхотир намудааст. Ин далели возеъ аз мушоҳидаҳои мо аст, ки ҳамсолони мо дар синну соли ниҳоят ҷавон одитарин мавзӯъҳои рӯзмарраи худро фаромӯш сохта, ҳатто донишҳои илмию дигар мисолҳои зарурии кору фаъолиятҳои гуногунашонро дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд. Воқеан, фаромӯшхотирии шадид, ки имрӯз дар миёни насли ҷавон ба мушоҳида мерасад, иллати ниҳоят ҷиддии як инсон аст, ки бояд дар ояндаи наздик бо номаи камол ба кору фаъолиятҳои гуногун пардохта, аз худ дар ҷамъият кору пайкоре боқӣ гузорад. Пас, ҷавононе, ки аз таъсири манфии телефонҳои мобилӣ гирифтори фаромӯшхотирӣ шуда, боз ҳам аз ин кирдори худ хулосае набароварда, аз зиёну зарари телефон раҳо шуданӣ нестанд, оё дар зиндагӣ комёбу хушбахт шуда метавонанд?
Баҳромиддин ШАРИПОВ
Донишчуи курси 1-уми ихтисоси
Журналист Тарчумон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


