25 окт 16:00Иҷтимоъ / Чеҳра

МАРДИКОРЗАН

Назокат  модари  се фарзанд ва оилаи обод буд. Бо шавҳараш Раҷабалӣ зиндагии хушу гуворо доштанд. Раҷабалӣ мафтуни назокату латофати занаш гаштаву  бесаброна интизори мекашид, ки кай соати корӣ анҷом ёбаду аз дидори маҳбуби дилаш сер шавад. 
Назокати нозанин низ дар баробари латифӣ бо ҳунару маҳорати кадбонугӣ шавҳарашро тасхир намуда буд.  Ў дар ягон муассисаҳои олии касбӣ таҳсил накарда буд, ки волидонаш ўро ба шавҳар доданд. Дар кадбонугӣ маҳорати хуб дошту вале маълумоте надошт. Тавлиди фарзандон ҳаёти ширини онҳоро ширинтар намудаву назарашон ба ҳаёт боз ҳам рангинтар гашта буд. Ҳарчанд муносибати Раҷабалӣ ва Назокат ба аҳли оилаи онҳо хуш намеомад, вале муҳаббат ва садоқати Раҷабалӣ намегузошт, ки нисбати ҳамтақдираш номеҳрубон бошад.

Назокат солҳои дароз дар хона нишаста, ба нигоҳубини фарзандон ва аҳли оила банд буд. Чун фарзандон ба камол мерасанд, Назокат хоҳиши ба сехи дўзандагӣ рафта, омўхтану фаъолият карданро пайдо мекунад. Ин пешниҳоди ў шавҳарашро нороҳат кард. Зеро дар зиндагии оилавии онҳо ягон камбудие набуду аз ягон чизе танқисӣ намекашид,  ҳама хоҳишу дархосташонро Раҷабалӣ сари вақт муҳайё менамуд.  Раҷабалӣ он қадар ҳамсарашро дўст медошт, ки ҳатто намехост касе ба ў назар дўзад. Аз ин рў дар хона шиштанашро авло медонист.
Дар боғи қисмати ин ду ҷуфти муносиб ду духтару як писар буд, ки бо сад умеду орзуҳо ба камол расида буданд. Рўзе Раҷабалӣ бо писараш Мурод озими шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мешаванду Назокат бо духтаронаш Афсонаву Мастона дар хона мемонанд. Чун ҳарвақта Назокат бо духтаронаш омодаи хўроки шом ва интизори шавҳару писараш буд. Таоми болаззат ва шириниҳою  хўришҳоро омода карда, бо табъи болида чашм ба роҳ буд. Аз байн вақт гузашту садои телефони дастиаш баланд шуд. Лаббай гўён ҷавоб дод. Аз он тараф садои марде баланд шуд, - апаљон шумо ба Исмоилов Раҷабалӣ ва Исмоилов Мурод кӣ мешавед? – Ман ҳамсари Раљабалӣ ва модари Муродҷонам, кӣ мепурсад?
- апаҷон худатонро ба даст гиред, онҳо дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дучор шуда, ҳарду дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

- Вой аз дасти аҷал гўён Назокат аз ҳуш рафта меафтад. Ҷасади беҷони падару писарро ба хона меоранду Назокату духтаронаш талх гириста, бо пайвандону ҳамсояҳо онҳоро ба хонаи охират гусел мекунанд.

Қисмат шароби  талхро ба коми Назокати нозанин рехтаву аз шириниҳои ҳаёт маҳрум кард. Барояш душвор буд, рўзгорро пеш бурдан бидуни маълумот ва ҷои кор. Бо дастгирии пайвандонаш духтаронашро ба навбат ба шавҳар медиҳаду худ танҳо мемонад. Тасмим мегирад барои муҳоҷират ба Федератсияи Руссия равад. 
Рўзи аввал барои пайдо намудани коре  мебарояду навмед бармегардад. Сипас, аҳён – аҳён ба сохтмони иншоот назар медўзаду роҳ пеш мегирад.

Ба иншооте, ки сохтмонаш дар арафаи анљомёбӣ буд ворид шуда, аз доштани ҷои кор пурсон мешавад. Ҷавонписаре рў ба рўяш баромада асалому алайкум апаҷон гўён пурсон мешавад. Аз шодӣ аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешавад, ки дар давлати бегона ҳамватанамон буда. – Бачачон хоҳиш ман барои дарёфти ҷои кор омадаам, кумакам кунед. Ҷавонписар бо нимтабассум охир апаҷон ин ҷо барои шумо ҷои кор ёфтан мушкил аст. Ин ҷо кори мардҳост, бароятон мушкилӣ эҷод мекунад гўён посух мегўяд. Ҷон бачаҷон ҳама корро мекунам ҳатто кори мардона бошад, фақат ноумедам накун гўён ашки чашмонаш ҷорӣ мешавад. Ҷавонписар аз қисмати талхи модар шинос шуда, тасмим мегирад ўро бо кор таъмин кунад.  

Назокати олуфтаю нозанин бо дастони нозуку маҳинаш ба ҳайси рангмол – гилкор ба кор шурўъ мекунад. Барояш душвору сангин буд дар шароити вазнин фаъолият намудану сукунат кардан. Аммо илоҷи дигар набуд. Оҳиста – оҳиста ў ба чунин шароит одат карда, аз уҳдаи вазифааш мебарояд.

Ҷавон дар симои ин зан модари худро дида, қалбаш ба дард медарояду пешниҳоди коре мекунад. – Апаҷон аз пеш фасли сармо меояд. Мо аллакай одат кардаем зеро мо мардем. Барои шумо душвор мешавад дар сармо кор кардан, бемор мешавед. Агар розӣ бошед ман бароятон як коре пешниҳод мекунам. 

Дар иншооте, ки мо аллакай ба анҷом расонидем, коргар лозим барои дар дохили ҳуҷраҳо зардеворӣ часпонидан ва сафеду рангу бори он. Ба ҳар ҳол аз ҷои ҳозираатон гармтар аст, бино аллакай бомпўш шудааст,- иброз дошт ҷавон. Назокат бо хушнудӣ ин пешниҳодро қабул намуд. 

Воқеан ҳам  дохили бино гармтар буд. Назокат ҳамроҳи ду нафар зани дигар, ки яке аз Ўзбекситон ва дигаре аз Тоҷикистон буданд, ба рангу бор ва часпонидани зардеворӣ пайваст.

Ҳарчанд барояшон мушкил буд, иҷрои коре, ки боре накарда буданд, вале бо вуҷуди бо меҳнати ҳалол ёфтани қутти лоямут маҷбур шуданд аз иҷрои кор бароянд.

Рўзҳое буданд, ки ҳаққии меҳнаташонро барои гирифтан дашномҳо мешунавиданд, рўзҳо ҳафтаҳо ҳатто моҳҳо интизори маош мешуданд, аксар соҳибкорон маблағи меҳнаташонро пурра намедоданд ё ин ки умуман то иншооти дигарро ба анҷом нарасонанд, аз додани маблағ худдорӣ мекарданд.  Бисёр душвор буд барои зан- модар, ки ҷинси латиф асту аз ноомадиҳои қисмат ба кори мушкили мардон даст зада, дар пешбурди зиндагиаш  саҳмгузор бошад.

Ҳамин тавр Назокати нозукадою хушсимо бо мушкилиҳо рўзгори худро пеш бурда, феълан ба ҳайси прораб дар иншооти сохтмонӣ фаъолияташро идома дода истодааст. Чун худ дучори мушкилиҳо гашта буд, дар атрофи худ бонувоне, ки бо ноомадиҳои қисмат рў ба рў шудаву барои дарёфти коре омада буданд, кумак намуда, ҳамаи онҳоро бо кор ҷалб намудааст. Аз ҷумла, Гулнора Ибодова – сокини ноњияи Қубодиён низ дар зиндагӣ дучори хушунати хонаводагӣ шуда, бо чор фарзандаш дар чорсўи зиндагӣ дар монда буд.

Маҷбур гашт, ки фарзандони хешро ба мактаб – интернат супорида барои пайдо намудани сарчашмаи даромади фарзандон ва худаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Номбурда низ тайи шаш моҳи аввал то пайдо намудани корӣ асосӣ дучори мушкилиҳо гашта буд, аз зиндагӣ ноумед шуду билохира бо маслиҳати як тан аз муҳоҷирони тоҷик ба назди Назокат омад ва бо маслиҳату кумаки Назокат соҳиби ҷои кори доимӣ гардид. Маоши хешро ҳам барои камбудии  фарзандон масраф намуда, як қисмати даромадашро барои харидорӣ намудани манзили иқоматӣ захира намуда истодааст.

Имрўз Назокат бонуи дар чорсўи қисмат азият кашидаву танҳо бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва меҳнати ҳалол аз пайи дарёфти рўзӣ дар муҳоҷират мушкили садҳо занони корҷўро осон намуда, мардонавор дар сохтмону рангу бори биноҳо машғул аст.

Махфират  Шоимова

Маводи мазкур дар доираи  Лоиҳаи «Нури рушноӣ» амалӣ карда мешавад. Ташаббуси «Нури рушноӣ» як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни иттиҳоди Аврупо ва Созмони миллали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зўроварӣ дар байни занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.


Добавить комментарий