Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ РОҲИ ХУРОСОН-БОХТАР
Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон рӯзи, 21 апрел, аз боздид аз ҷараёни сохтмони роҳи Хуросон - Бохтар оғоз гардид.
Чуноне аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додаанд, Сарвазир ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳолати татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо сарчашмаҳои маблағгузории ва маблағи умумии марҳилаи якуми лоиҳа (ба ҳолати 20 апрели соли 2020) чунин аст:- гранти Бонки Осиёгии Рушд - 90 млн. доллари ИМА
- ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17,5 млн. доллар ИМА
- маблағи умумӣ - 107,5 млн. доллари ИМА
Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, анҷоми корҳои сохтмонӣ тирамоҳи соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” марҳилаҳои 1 ва 2 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шафати роҳ 2220 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст.
Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон инчунин аз кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фахри Истиқлол»-и ноҳияи Хуросон дидан карданд.
Хоҷагии мазкур дорои 14 гектар замин буда, ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ, сабзавот, ба мисли помидор, бодиринг, қаланфур ва хӯроки чорво машғул мебошад.
Кишти пахта дар майдони 10 га замин ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо рафта истодааст.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Хуросон инчунин бо таҷрибаи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар заминҳои наздиҳавлигии Қурбонов Абдуалим, ки дар замини ҳавлияш картошка ва сирпиёз кишт намудааст, шинос гардида, онро мактаби намунавӣ барои ҳар як хонадони заминдор номиданд.
Сарвазир дар мулоқоти сарироҳӣ бо сокинони ноҳия онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараовари замин, бардоштани ду-се ҳосил, сарфаю сарриштакорӣ даъват намуд.
Дар ин сафари дурӯза Сарвазири мамлакатро роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


