Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара
27 апрел дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Дар мулоқот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳони муосир баррасӣ кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, таъсири он ба иқтисоди кишвар ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.
Таъкид гардид, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се-чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ доир ба зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок зарур шумурда шуд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда, чораҷуӣ намоянд.
Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ва коҳиш додани ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар вилоят роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи маориф роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Ҳифзи сиҳатии мардум ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Аз ин рӯ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки доир ба бартараф кардани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун андешаронӣ карда, дар назди маъсулини вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан, аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони болаёқат дар мадди назари Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад, аз ин ру барои ҳалли ин масъала роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои оид ба корҳои ҷавонон, занон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифадор шуданд.
Дастуру супоришҳои дигар ба раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вобаста ба сарфаю сариштакор будани мардум, роҳ надодан ба исрофкорӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ, ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои кишт, дода шуд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ҳисобот доданд.
Дар мулоқот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.Ҳадафи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳони муосир баррасӣ кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, таъсири он ба иқтисоди кишвар ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.Таъкид гардид, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се-чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ доир ба зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок зарур шумурда шуд.Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда, чораҷуӣ намоянд.
Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ва коҳиш додани ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар вилоят роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи маориф роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Ҳифзи сиҳатии мардум ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Аз ин рӯ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки доир ба бартараф кардани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун андешаронӣ карда, дар назди маъсулини вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан, аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони болаёқат дар мадди назари Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад, аз ин ру барои ҳалли ин масъала роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои оид ба корҳои ҷавонон, занон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифадор шуданд.
Дастуру супоришҳои дигар ба раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вобаста ба сарфаю сариштакор будани мардум, роҳ надодан ба исрофкорӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ, ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои кишт, дода шуд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ҳисобот доданд.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД


