Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кори он шинос шуданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити беҳтарини кору хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 54 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, гушаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст ва 10 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.
Дар корҳои сохтмонӣ, ки он моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида буд, 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан кормандону мутахассисон дар бинои куҳна фаъолият мекарданд, ки дар он шароити хуби корӣ мавҷуд набуд.
Бо дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташаму замонавӣ бо беҳтарин имконоти хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъда самаранок истифода хоҳад гардид.
Дар ошёнаи якум, ғайр аз толори хурди маҷлисгоҳ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, ҳуҷраи ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамзамон барои сайқал додани дониши кормандон китобхонаи замонавӣ таъсис ёфтааст, ки дар он асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, рӯзномаву маҷалла ва китобҳои тозанашри адибону шоирон ва нависандагони классику муосир дар шакли чопӣ ва электронӣ мавҷуд аст.
Рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум яке аз ҳадафҳои асосӣ ва созандаи фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида ва суҳбати самимӣ бо кормандону мутахассисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҷавонон, хоса масъулони соҳаро барои боз ҳам вусъат додани тадбирҳои ободонӣ ва беҳтар сохтани шароити хуби зиндагӣ ба сокинон ҳидоят намуданд.
Аз рӯи тарҳ дар ошёнаи дуюм, сеюм ва чоруми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон муайян шудааст, ки бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Маҷлисгоҳи барҳаво дар ошёнаи 5-уми бино ҷойгир буда, сақф ва девори он бо ҷалби ҳунармандон гаҷкорӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, ки барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо макони мувофиқ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз толори маҷлисгоҳи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи корҳои ободонӣ бино ва ҳамаи ҳуҷраҳо бо системаи гармидиҳӣ таъмин гардидааст.
Фармоишгари иншоот Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халиқи Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Интергрупп” мебошад.
Гушаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ошхона ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ дар таҳхонаи бино ҷойгир мебошад. Занону духтароне, ки айни ҳол дар коргоҳи навтаъсис фаъолият доранд, баъд аз гузаштан аз курсҳои омузишӣ ба кор қабул гардида, феълан онҳо мувофиқи дархост ба духти сару либоси мактабӣ, миллӣ ва сару либоси ягонаи корӣ машғуланд. Бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ 12 нафар занону духтарон соҳиби ҷойи кори мувофиқ гардиданд.
Дар доирои корҳои ободонӣ саҳни бино сангфарш ва кабудизор гардида, ҳамзамон бо нишастгоҳҳо ва чароғакҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки ба намои рӯзона ва шабонаи маркази ноҳияи Данғара зебогиро зам намудааст.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД




