Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТУҲФАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ БА ЯТИМОН РАСИД
Ба 492 тарбиятгирандаи Мактаб- интернати ноҳияи Қубодиён дар арафаи Иди Рамазон туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат иборат аз сару либоси мактабӣ, варзишӣ ва маводи ғизоӣ буда, ташаббусест наҷиб ва боиси дастгирӣ.
Туҳфаҳои Сарвари давлатро намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ва раиси ноҳияи Қубодиён ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия супориданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз баҳри болидаруҳии тарбиятгирандагони мактаб-интернат, дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини аҳли ҳунар пешниҳод гардид. Шодию сурури тарбиятгирандагон дар ин рӯз бозгӯ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва зери таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати мамлакат қарор гирифтани онҳо буд.
Маврид ба ёдоварист, ки мактаб интернати ноҳияи Қубодиён соли гузашта, аз ҷониби Раҳбарияти олии мамлакат мавриди истифода қарор гирифта, дар он 492 нафар кӯдакон ба тарбияву нигоҳубини давлат фаро гирфта шудаанд. Аз ин ҳисоб 6 нафар ятими кул, 25 нафар нимятим ва тарбиятгирандагони боқимонда аз ҳисоби оилаҳои ниёзманд мебошанд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат иборат аз сару либоси мактабӣ, варзишӣ ва маводи ғизоӣ буда, ташаббусест наҷиб ва боиси дастгирӣ. Туҳфаҳои Сарвари давлатро намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ва раиси ноҳияи Қубодиён ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия супориданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз баҳри болидаруҳии тарбиятгирандагони мактаб-интернат, дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини аҳли ҳунар пешниҳод гардид. Шодию сурури тарбиятгирандагон дар ин рӯз бозгӯ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва зери таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати мамлакат қарор гирифтани онҳо буд. Маврид ба ёдоварист, ки мактаб интернати ноҳияи Қубодиён соли гузашта, аз ҷониби Раҳбарияти олии мамлакат мавриди истифода қарор гирифта, дар он 492 нафар кӯдакон ба тарбияву нигоҳубини давлат фаро гирфта шудаанд. Аз ин ҳисоб 6 нафар ятими кул, 25 нафар нимятим ва тарбиятгирандагони боқимонда аз ҳисоби оилаҳои ниёзманд мебошанд.
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


